Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд

Март 19, 2022 11:50

ДУШАНБЕ,  19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд қисми низомии мустақар дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, фарорасии Наврӯзи Аҷамро ба афсарону сарбозон табрик гуфт. Дар ин бора   корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи таҷлили иди Наврӯз дар тамоми муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона доир гардида, қишри ниёзманди ҷомеа ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта мешавад. Ҳамзамон дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ аёдат гардида, барои хизматчиёни ҳарбӣ дастурхони наврӯзӣ ороста мешавад. 

«Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон таҷлил гардида, ба боз ҳам бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ  мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз сокинони вилоятро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшанд, иҷрои нияту нақшаҳои созандаро таъмин намуда, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар маҷмӯъ, кишвари азизамонро боз ҳам обод созанд»,-иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои афсарону сарбозон дастархони наврӯзӣ густарда шуда, ба қисмҳои ҳарбӣ маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт, орду равған ва дигар маводи зарурӣ дастрас гардид.

Аёдати афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва дигар чорабиниҳои наврӯзӣ дар ҳудуди вилоят идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки барномаҳои асосии наврӯзӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 21 март гузаронида мешаванд.

 

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Март 19, 2022 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд