Дар Суғд ба шарафи ҷашни Наврӯз бозиҳои миллӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр» — и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар даври аввал ва дуюми озмун дар маҷмӯъ беш аз 50 ҳазор нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Дар озмун аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Шаҳристон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов беш аз 5 ҳазор нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун иштирок намуданд. Аз тарафи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба беш аз 1000 нафар кӯдакони хурдсол туҳфаҳои идона тақдим гардиданд.
Озмуни мазкур беш аз 20 сол инҷониб бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят аз рӯи бахшҳои «Лалакпаронӣ», «Бодбарак», «Чиллак», «Ошуқ», «Ҳаппак», «Арғамчинбозӣ», «Лакпар» ва «Ланкабозӣ» баргузор карда мешавад.
Дар ҷамъбасти озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд











«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






