Дар Суғд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 01.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ гузаронида мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Озмуни мазкур имсол бо дастгирии роҳбарияти вилоят дар ду номина-матбуоту WEB-журналистика ва телевизиону радио дар алоҳидагӣ баргузор шуда, дар он кормандони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ, телевизион ва радио, новобаста аз шакли моликият, нафароне, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш даҳ сол узвият доранд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият намуда ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд.
Ба ғолибони озмун барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар номинаҳои матбуоту WEB-журналистика ва телевизиону радио 3 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 6 ҳазор сомонӣ ва Диплом супорида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки 11 март дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ва 110-солагии нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз баргузории маҷлиси тантанавӣ, суҳбати журналистони собиқадор бо толибилмону донишҷӯён дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат-роҳнамои ҷомеа», аёдати собиқадорон, ташкили мусобиқаи анъанавии шоҳмот миёни кормандони ВАО, маҳфили ёдбуди журналистони соҳибном Усмонҷон Тоҷибоев ва Неъмат Шариф, конфронси илмию амалӣ ва ғайра дар назар дошта шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






