Дар Суғд Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад

Март 30, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 2 то 9 апрел дар вилояти Суғд  ба истиқболи 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Тибқи барномаи тасдиқшуда, маросими кушодашавии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии маркази вилоят сурат гирифта, давоми ҳафта дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Зафаробод, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла «Шоҳномахонӣ» ва «Ҳофизхонӣ» гузаронида мешаванд.

9 апрел маросими ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ баргузор гардида, иштирокчиёни фаъоли фестивал бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 30, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд