Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Беларус доир мегарданд

Март 29, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 март то 2 апрел Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон доир гардида, 30 март, соати 14:00, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров барои намояндагони  ВАО баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар МД «Тоҷикфилм».

Дар ин рӯзҳо барои алоқамандони кино дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ филмҳои истеҳсоли Беларус намоиш дода мешаванд.

Алоқамандони синамо метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд:

30 март, соати 10:00, дар кинотеатри «Рӯдакӣ»-и ноҳияи Файзобод филми «Замони ҷанг одам будан»;

31 март, соати 10:00, дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе филми «Ахтарони осмони ҳафтум»,  соати 19:00, дар кинотеатри «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе филми «Ахтарони осмони ҳафтум»,  31 март, соати 10:00, дар Қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич»;

31 март, соати 10:00, дар театри вилоятии шаҳри Хоруғ филми «Қисмати тахрибкор» ва  соати 10:00, дар кинотеатри Лоҳутии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон филми «Қисмати тахрибкор»  манзур мегарданд.

1 апрел, соати 15:00, дар Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филми «Арвоҳи Киндервил», соати 11:00, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови шаҳри Душанбе филми «Арвоҳи Киндервил», соати 15:00, дар кинотеатри «Зебуннисо»-и шаҳри Душанбе филми «Қисмати тахрибкор», соати 14:00, дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор филми «Моҷароҳои Прантиш Вирвич» пешниҳоди тамошобинон гардонида мешаванд.

АКС: МД «Тоҷикфилм»

Март 29, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд