Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зарардидагони офати табиӣ кумак расонида шуд

Март 24, 2022 11:04

ДУШАНБЕ,  24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода бо ҳамроҳии Раиси вилоят Алишер Мирзонабот аз хонаҳое, ки ҳангоми фаромадани тарма зарар диданд, боздид намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Котиби Шӯрои амният ва Раиси вилоят бо соҳибони хонаҳои зарардида аз наздик суҳбат намуда, кумакҳои ниёзи аввал аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва кумаки молиявӣ расониданд.

Насрулло Маҳмудзода зимни суҳбат бо зарардидагон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро танҳо намонда, ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба онҳо кумак хоҳад кард. 

Ёдовар мешавем, ки 16 март дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи фаромадани тарма ду хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла як хонаи истиқоматӣ пурра ва як хонаи истиқоматии дигар қисман зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.


Дар робита ба  ин таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода Ситод оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис ёфт.

Раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳия аз маҳалли офат дидан кард.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба сокинони осебдида кумаки яквақтаи молиявӣ ва озуқаворӣ расонида шуд.

 

АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ

Март 24, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд