ФАСЛИ ГУЛ ДАР ЧАМАНИ НАВРӮЗ АСТ! Дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ин ҷашн бо шукӯҳи хосса таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини халқҳои ориёӣ, алалхусус форсизабон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологии давраҳои таърихӣ, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҳатто шикасту нокомиҳо аз ҷониби ақвоми мухталиф ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистаанд, чизе аз бузургию шаҳомати ин ҷашнро кам кунанд. Ин нуктаро Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн баён намуд.
Тавре масъули бахши матбуоти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Додоҷон Рӯзиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷашни наврӯзӣ меҳмонон, ҳайати устодону донишҷӯёни донишкада ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Саҳни муассиса ва Наврӯзгоҳ базмгоҳи бузургеро мемонд, ки бо шиору овезаҳои «Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!», «Наврӯз шуд ҷаҳонӣ», «Наврӯз муборак бод!» ва дигар шиорҳои ҳувияти миллидошта оро дода шуда буданд. Кафедра ва факултаҳо бошанд, дар ду тарафи роҳрави донишкада суфраҳои идӣ густурдаву дар гӯшаҳои вижа дастовардҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва эҷодии устодону донишҷӯёнро ба намоиш гузоштанд.
Ректори донишкада хотирнишон сохт, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Саъю талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шинохтанд ва эътироф карданд.
Таъкид гардид, ки махсусан таваҷҷуҳ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Наврӯз ва таҷлили бошукӯҳи он арзандаву сутуданист. Зеро маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдории кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда, дар он 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне, Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.


Сипас барномаи идона аз ҷониби аҳли ҳунари муассиса пешкаш шуда, аз ҷониби донишҷӯёни донишкада шеъру сурудҳо дар васфи баҳору Наврӯз қироат гардид.
Фасли гул дар чамани Наврӯз аст,
Савти ғул-ғулфикани Наврӯз аст.
…Ҳар куҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст!
АКСҲО: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода








ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид






