Имрӯз дар саросари дунё Рӯзи Замин таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари дунё 20 март Рӯзи Замин таҷлил карда мешавад. 20 март интихоб гардидани Рӯзи Замин ба баробар шудани шабу рӯз дар ин рӯз марбут аст. Рӯзи Замин ба ҷашни аҷдодии мо — Наврӯзи хуҷастапай, ки ҷашни байналмилалӣ эълон гардидааст, рост меояд. Мақсади эълон намудани Рӯзи Замин ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи он мебошад.
Таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи аҳли башарро ба он равона месозад, ки ҳар сокини сайёра вазифадор аст нисбат ба он ғамхорӣ намояд ва ҳар гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад.
Дар байни чорабиниҳои оммавӣ дар бахши ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, ки дар ин рӯз дар гӯшаҳои гуногуни сайёра баргузор мешаванд- ин намоишу фестивалҳои экологӣ, марафонҳо ва конфронсҳо дар бораи табиат, рубӯчини кӯчаҳо, шинонидани дарахтҳо ва қатъи ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои серодами шаҳрҳои калон, ҷамъомадҳои фарҳангӣ ва консертҳо мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 1971 аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи Замин расман эълон шуд.
Тибқи анъана, дар ин рӯз «Зангӯлаи сулҳ» садо медиҳад. Ташаббуси нахустин оид ба таҷлили Рӯзи Замин ҳанӯз соли 1840 аз тарафи ходими ҷамъиятии амрикоӣ Ҷон Мортон пешниҳод гардида, маъракаи шинонидани ниҳолу буттаҳо бо фарорасии фасли баҳор ва барномаи муносибати оқилона ба муҳити зист аз ҷониби ӯ таҳия гардида буд.
АКС: манбаъҳои боз








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






