КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҳамбастагӣ бо МД «Ҳунарҳои мардумӣ» ҳамоиши бошукӯҳи наврӯзӣ оростанд

Март 19, 2022 09:06

ДУШАНБЕ,  19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ»мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши бошукӯҳи идона доир гардид. Дар ин бора  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Зимни маросими наврӯзӣ сокинони маҳаллаҳои Гулбутта, (Гулбутта-1,2,3,4, Гравзавод, Корвон) ва Муассисаи давлатии «Ҳунарҳои мардумӣ» дар ду тарафи роҳрави муассиса намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суфраҳои идонаи аз ҳафтсину ҳафтшин оросташуда, хӯрокҳои миллии «Оши палов», «Оши бурида», «Суманак», «Далда» ва дигар анвои хӯрокҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён иброз дошт, ки «маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Бо саъю талош ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шинохта, эътироф карданд».

Роҳбари маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён иброз дошт, ки «Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯи ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар мебошад».

 

АКСҲО: КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

Март 19, 2022 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд