Китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав бо китобҳои тозанашр таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 март Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2022» намоиш-фурӯши китоб ташкил намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Дар намоиш-фурӯш кормандони мақомоти иҷроия, корхонаву ташкилот ва сокинони ноҳия иштирок карда, китобҳои зарурӣ ва асарҳои писандидаи хешро харидорӣ намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» ба Китобхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 296 нусха китоб ба маблағи 8 ҳазору 93 сомонӣ барои мукаммалгардонии китобхона бо китобҳои тозанашр тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо, таъмини аҳолӣ бо китоб дар боло бурдани маърифатнокии мардум, ҳисси ватандустӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин дар тарбияи насли наврасу ҷавон нақши муассир дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






