Ғолибони даври сеюми шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии Душанбе муайян шуданд

Март 14, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт  баргузор гардид.  Озмун  аз рӯи шаш номина: «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе», «Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе», «Ғолибони даври шаҳрии олимпиадаи «Spelling Bee», Ғолибони даври шаҳрии олимпиада оид ба «Шоҳмот», «Ғолибони Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ҷамъбаст гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар»  дар  шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Дар маросими мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, масъулини сохторҳои маорифи пойтахт ва ғолибону шогирдон иштирок намуданд.

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе» ҷойи якум насиби дастаи олимпии ноҳияи Сино бо ба даст овардани 408 ҷойи ифтихорӣ, ҷойи дуюмро дастаи олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо ба даст овардани 174 ҷойи ифтихорӣ сазовор  шуда,  ҷойи сеюмро дастаҳои олимпии ноҳияи Фирдавсӣ бо 162 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ба даст овардани 157 ҷойи ифтихорӣ  ба даст оварданд.

Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии муассисаи таълимии шаҳри Душанбе» аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.

Соли дуюм  аст, ки дар пойтахт бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Олимпиадаи даставии «Истеъдод» бо чунин шакл ва услуби нав аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар натиҷа дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур  сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Аз ҳисоби литсей ва гимназияҳо бошад, дастаи ноҳияи Сино ҷойи аввалро соҳиб шуда,  сазовори Ҷоми Олимпиадаи даставии «Истеъдод» гардид.

Инчунин муассисаҳои таълимие, ки натиҷаҳои хубро нишон дода, шумораи ғолибонашон зиёду  ба пешравӣ ноил шудаанд, бо Сипоснома сарфароз гардиданд.

Аз 3854 нафар иштирокчии даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиада 901 нафарро ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, 163 нафар хонандагони синфи 11, 111 нафар ғолибони олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 9-10, 120 нафар наврасони синфҳои (7-8) ва 92 нафар наврасони синфҳои (5-6), 12 нафар ғолибони олимпиадаи «Speeling Bee», 12 нафар ғолибони олимпиада оид ба «Шоҳмот» ба даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) Олимпиадаҳо роҳхат ёфта, ҳамаи онҳо барои омодагӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт ба таълим фаро гирифта шуданд.

 

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Март 14, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги ақвоми эронӣ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанги миллат маҳсуб мешавад
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Дар Душанбе Маркази илмии технологияҳои иттилоотӣ бунёд карда мешавад
Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва ‎фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор мегарданд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба аҳли илм руҳияи тоза бахшид
«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад