Пак Чон Су: Тоҷикистон барои татбиқи барномаи ODA дар солҳои 2021-2025 дар радифи кишварҳои афзалиятдор қарор дорад

Март 5, 2022 13:02

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намои кунунӣ ва бунёди иншооти наву замонавӣ аз пешрафти имрӯзаи Тоҷикистон дарак медиҳанд. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҳамкории шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Су дар мулоқот бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Душанбе зикр намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки инчунин Пак Чон Су ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Кореяро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, фароҳам омадани шароити мусоид барои рушди ҳамкории судманд ва тақвияти ҳамкории бонкҳои марказии ҳарду кишвар ва дар маҷмӯъ низоми бонкиро дар сатҳи сифатан нав таъкид кард.

Ҳоким Холиқзода ҳайати меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва бо раванди мунтазами барқарор шудани фаъолнокии иқтисодиёт баъди пандемияи COVID-19 дар кишвар шинос намуд.

Ҳоким Холиқзода барои рушди муносибатҳои устувори иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судмандро дар бахшҳои гуногуни низоми бонкӣ, аз қабили таъмини устувории суботи молиявӣ, рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо ва тақвият бахшидан ба низоми комплаенс, барпо кардани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистонро дар бонкҳои Ҷумҳурии Корея муҳим арзёбӣ намуд.

Пак Чон Су дар бораи Кумитаи ҳамкории шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея, ки бо иқдоми Президенти ин кишвар таъсис ёфтааст ва мақсади он рушди муносибатҳо ва ҳамоҳанг кардани масъалаҳои муҳими иқтисодӣ мебошад, маълумот дод.

Вай ҳамзамон диққати ҳозиринро ба барномаҳои муфид барои кишварҳои дар ҳоли рушд, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Корея ба ҳайси давлати донорӣ ва рушдёфта муҳайё мешавад, ҷалб намуд. Зикр шуд, ки Корея барои давлатҳои дар ҳоли рушд Барномаи кумаки расмии Корея барои рушд (ODA) ва қарзҳои имтиёзноки Фонди рушди ҳамкории иқтисодии Корея (EDCF)-ро татбиқ менамояд, ки ба ин кишварҳо барои гирифтани грантҳо ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок имкон фароҳам меорад.


Мавсуф изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои татбиқи барномаи ODA дар солҳои 2021-2025 дар радифи кишварҳои аввалиндараҷа (афзалиятдор) дониста шудааст, ки ин имкони мусоидест барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои низоми бонкӣ ва молия.

Пак Чон Су инчунин аз тақвияти ҳамкории судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоративу иқтисодӣ, бахусус низоми бонкӣ, рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо ва тақвияти низоми комплаенс, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, барпо кардани муносибатҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии ду кишвар изҳори омодагӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳумро, ки барои табодули таҷриба миёни Департаменти мониторинги молиявӣ ва Хадамоти иктишофии молиявии Ҷумҳурии Корея дар назар аст, муҳокима намуданд.

Ҳоким Холиқзода ба ҳайати Ҷумҳурии Корея аз таваҷҷуҳ нисбат ба низоми бонкии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, кумаки техникии аз ҷониби Бонки марказии Корея аз соли 2018 инҷониб татбиқшавандаро кафили ҳамкории шарикии самарабахш ва боэътимоди ҷонибҳо маънидод кард.

Зикр шуд, ки дар доираи кумаки мазкур 31 нафар кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои аудити дохилӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, суботи молиявӣ ва низоми пардохт малакаи тахассусии худро баланд бардоштанд.

Ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳамкории шимолии иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Чон Су аз 2 то 5 март дар Тоҷикистон қарор дошта, бо мақсади пайгирии тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафарҳои Раиси Маҷлиси миллии Корея ва Вазири корҳои хориҷии он ба Тоҷикистон дар соли 2021 бо якчанд вазорату идораҳои калидӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории шарикӣ мулоқот менамояд.

 

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 5, 2022 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон муҳокима гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад
Масоили коркарди дубора ва ивази мавод барои кам кардани хатари партовҳои пластикӣ баррасӣ гардид
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон оид ба андозаи нави ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумот медиҳад
Дурнамои ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Эрон муҳокима гардид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пензаи Федератсияи Русия талабгори зиёд пайдо намудаанд
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақими Эрон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид