Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Март 3, 2022 16:42

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро, ки имрӯз бо сафари расмӣ вориди Боку шуданд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Боку иттилоъ медиҳад.

Дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ паёми самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев расонданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ карда шуд. Дар ин зимн саҳми робитаҳои байнипарламентии ду кишвар дар рушди муназзами муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.

Зикр шуд, ки имсол ба муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 30 сол пур мешавад ва бахшида ба ин сана дар ноҳияи Шемах «Боғи дӯстии Тоҷикистон ва Озарбойҷон» бунёд мегардад. Бо ин мақсад аз Тоҷикистон зиёда аз се ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими Озарбойҷон мутобиқ интиқол дода шудаанд.

Аснои суҳбат масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар сиғаи созмонҳои байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ,  инчунин сатҳи баланди ҳамоҳангии ташаббусҳои тарафайн дар арсаи байналмилалӣ муҳокима карда шуд.


Ҷонибҳо вобаста ба тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиш додани ҳаҷми гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот изҳори назар карда, дар ин самт таъсис додани Шӯрои машваратиро ҳамчун иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни гуфтушунид ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика ва саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ,  инчунин тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар робита ба вазъи сиёсии имрӯза дар ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноороми Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев Рустами Эмомалиро муовини Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Зимни сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»/Тоҳир САИД

Март 3, 2022 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд