С. Муҳриддин намояндагони кишварҳои аъзои СММ-ро ба иштироки фаъол дар Конфронси «Раванди Душанбе» даъват намуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар шаҳри Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Нақшаи амали муштарак оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид» ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии кишвар аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла қабул ва татбиқи ду Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025 ёдовар гардид.
«Аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал меоварем, ки дар Конфронси дарпешистодаи сатҳи баланд, ки дар чаҳорчӯби «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» дар моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд»,- таъкид намуд Сироҷиддин Муҳриддин.
АКСҲО: ВКХ ҶТ









Дар Москва вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои Вазири корҳои хориҷии ИДМ иштирок намуд
Дар Миср маҷаллаи «Тоҷикистон ва пиряхҳо» ба забони арабӣ ва англисӣ ба нашр расид
Азамшо Шарифӣ: «Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Женева таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиш доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Тошканд брифинг оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Вена оид ба энергетика ва иқлим муаррифӣ гардид
Консули генералии Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид






