Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни намояндагон ва роҳбарони киностудияҳо баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».
Дар кори он масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, фаъолият ва неруи эҷодию техникии киностудияҳо муаррифӣ ва барои офаридани филмҳои муштарак дар оянда ҳамкорӣ тавсеа дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 24 сентябри соли 2019 дар заминаи Студияи миллии «Беларусфилм» нахустин ҷаласаи Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор шуд. Дар кори Шӯро иштирокчиён дар бобати инкишофи киностудияхои давлатӣ мубодилаи таҷриба карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ва ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои якҷоя баррасӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки аз 21 то 24 декабри соли 2021 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор гардид, ки дар он директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сухан гуфт.
Ҳадафи асосии Шӯро муттаҳид кардани талошҳо, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави густариши ҳамкорӣ мебошад.
АКС: МД «Тоҷикфилм»








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






