Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи Иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии Нуробод кумаки моддӣ расонид

Март 18, 2022 09:56

ДУШАНБЕ,18.03.2022/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани  сиёсати эҳсонкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  ба Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ,   кумаки мазкур аз  15 халта орд, 50 литр равған, 40 кг гӯшти гов, 50 кг биринҷ, 100 кг макарон, 50 кг шакар, 20 кг шоколад, 20 кг кӯлчақанд ва 300 адад дафтару  ручкаро иборат гардида буд.

Роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Иди Наврӯз ба тамоми таълимгирандагони Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нурободро бо фарорасии   ҷашни Наврӯз табрик намуда, зикр карданд, ки дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбат ба ятимону маъюбон ғамхорӣ зоҳир гардида, барои онҳо  тамоми шароити зисту таълим  ва тарбия муҳайё гардида истодааст.

Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба  дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳои аъло ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба давлату миллати худ софдилона хизмат намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар ятимони кул бо шароити хуби  таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

 

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Март 18, 2022 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд