ЗАН-МОДАР — ОЛИҲАИ ПОКӢ. Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд

Март 4, 2022 16:11

ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар васфи Зан-Модар суханони зиёде гуфта шудаву то ҳанӯз васфаш мекунанду дар ояда низ хоҳанд кард, зеро ин олиҳаи покӣ офарандаи ҳаёт ва ҳазорон бузургон ҳаст. Ҳоло занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо фаъоланду саҳм мегузоранд, яъне зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад. Ин нукта дирӯз  зимни ҳамоиши идона дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон зикр шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.

Раиси ФИКМТ Маликшо Неъматзода зимни ҳамоиш ҳамаи бонувон, модарон ва собиқадорони ин ниҳодро табрик намуда,  иброз дошт, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар Паёмҳои ҳарсолаи хеш дастуру супоришҳо медиҳанд, ки ин аз эҳтироми таърихии миллати тоҷик ба модарон сарчашма мегирад.


«Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд”,- иброз дошт Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода.

Дар охири ҳамоиш тамоми бонувону занон аз ҷониби роҳбарияти Федератсия бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. 

 

АКСҲО: ФИКМТ

Март 4, 2022 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд