ЗАНОН ДАР БУНЁД ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ САҲМГУЗОРАНД. Бахшида ба Рӯзи Модар дар Вазорати маориф ва илм ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказӣ ва бахшу сохторҳои зертобеи вазорат бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раҳим Саидзода аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муазами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бонувон ёдовар шуда, иброз дошт, ки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба ҳаёти занон таъсири амиқи худро гузошт.
«Соҳибистиқлолӣ чунин муҳитеро фароҳам овард, ки ҳар як фард, бахусус занон имконияти муфиди худсозию худмуаррифиро дар ҷомеа ба даст оварда, дарк намуданд, ки онҳо низ ҳамчун як қувваи бузурги созанда метавонанд саҳми худро дар бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гузоранд, метавонанд собит созанд, ки рисолати ватандориро бо тамоми вуҷуди худ эҳсос ва дарк менамоянд», — иброз дошт ӯ.
Тавре Вазири маориф ва илм тазаккур дод, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояшон иброз доштанд, ки «мо тоҷикон, ки барҳақ яке аз миллатҳои қадимаву соҳибфарҳанги дунё ҳастем ва нақши тамаддунсозии моро оламиён эътироф кардаанд, аз он ифтихор дорем, ки дар давоми чандин ҳазорсолаи умри миллатамон занону модарони оқил, баномус ва соҳибхирад дар паҳлӯи мардони корзори сарбаландиҳо ва фатҳу кушоишҳо будаанд ва барои озодиву истиқлолияти сарзамини аҷдодӣ далерона талошу мубориза бурдаанд».
Дар фарҷом аз ҷониби Вазири маориф ва илм ба бонувон туҳфаҳои идона тақдим гардид.
АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ










Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






