Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Малдив ва Филиппин дар Ҷопон мулоқот намуд

Апрель 26, 2022 14:26

ДУШАНБЕ, 26.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар шаҳри Кумамотои Ҷопон дар ҳошияи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Вазири муҳити зист, тағйироти иқлим ва фанноварии Малдив Аҳмад Муҷтаба ва котиби Комиссияи тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Филиппин Роберт Борхе баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот бо Вазири муҳити зист, тағйироти иқлим ва фанноварии Малдив Аҳмад Муҷтаба муносибатҳои Тоҷикистон ва Малдив дар соҳаҳои гуногун, ба вежа гардишгарӣ муҳокима шуда, доир ба ҳамкории Тоҷикистон ва Малдив дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар заминаи Созмони Милали Муттаҳид татбиқ намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва иштироки ҳайати он кишвар дар Конфронси дуюми оби Душанбе (6-9 июни соли 2022) мубодилаи афкор сурат гирифт.

Инчунин дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо котиби Комиссияи тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Филиппин Роберт Борхе масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардида, нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид махсус зикр гардид.

Андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, инчунин тадорукот ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (6-9 июни 2022 дар Душанбе), ки ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ хизмат карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти 2023, Ню-Йорк) нақши калидӣ хоҳад дошт, дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор дошт.

АКС: ВКХ ҶТ

Апрель 26, 2022 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд