Асарҳое, ки ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соли 2022 роҳ ёфтанд, маълум шуданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асарҳое, ки ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022 роҳ ёфтанд, маълум шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷоизаи мазкур хабар доданд.
Дар бахши адабиёт романҳои «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа ва «Киштии Нӯҳ»-и Юнус Юсуфӣ, ки аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ дода шуданд.
Намоишномаи «Пайкари миллат»-и Давлаталӣ Убайдуллозода ба бахши театр ва синамои озмун роҳ ёфт. Намоишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг пешниҳод шудааст.
Бо пешниҳоди Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон операи «Хусрав ва Ширин» ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ»-и Амирбек Мӯсозода дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба озмун роҳ дода шуд.
Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ силсилаи асарҳои тасвирии «Президент – кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома»-и Олим Рабизода, ки аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ ёфтанд.
Китоби «Як каф гандум»-и Азизи Азиз бо пешниҳоди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон иштирок менамояд.
Дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ тарҷумаҳои Одил Икром – «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурӯғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тӯр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол ба озмун роҳ дода шуданд. Тарҷумаи ин асарҳо аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Узбекистон пешниҳод гардид.
Бояд гуфт, ки асарҳои мазкур бо қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза, инчунин қарорҳои бахшҳо ба озмун роҳ дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






