«АЗ ДУШАНБЕ ТО СЕУЛ». Ба шарафи 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Корея ҳамоиши фарҳангӣ доир мегардад

Апрель 19, 2022 15:03

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 30 сол сипарӣ мегардад. Барои сазовор таҷлил намудани ин рӯйдоди муҳим дар баробари чорабиниҳои зиёд 26 апрел, соати 18:00 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи «Борбад» консерти анъанавии кореягӣ таҳти унвони «Аз Душанбе то Сеул» баргузор мегардад.

Тавре дар Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши фарҳангӣ мусиқӣ ва рақсҳои анъанавии кореягӣ пешниҳоди дӯстдорони олами зебои санъату ҳунар гардонида мешаванд.

Хотиррасон мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015   ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааанд.  Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 9 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд. Баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ “Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз соли  2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзӯъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.  Намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли  2017 инҷониб дар Ҷумҳурии Корея фаъолият мекунад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIСА) иштирок мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 16 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ирсоли барқияи табрикӣ ба унвони Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея муҳтарам Юн Сок Ёл,  ин кишварро  аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номида, изҳор доштанд, ки «кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем. Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу муҳтавои кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Корея омодагии инҷонибро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз менамоям. Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ба ҳам дӯст минбаъд низ дар маҷрои рушду тавсеа идомаи нек пайдо карда, натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард».

АКС: Сафорати ҶК дар ҶТ

Апрель 19, 2022 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд