БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАИ ҶАНГАЛ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026 ТАСДИҚ ШУД. Дар амал татбиқ намудани он ба ҳалли мушкилоти ин соҳа дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли равон «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии барномаи мазкур тасдиқ гардид. Нақшаи чорабиниҳо аз 15 бобу 60 банд иборат буда, самтҳои асосии рушди соҳаи ҷангалро дар панҷ соли оянда дарбар мегирад.
Бо мақсади тафсилоти бештари ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо сардори Раёсати хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадиброн САИДЗОДА суҳбат намуд.
«Мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026» — нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи кишвар мебошад», -гуфт Мадиброн Саидзода.
Ба андешаи ӯ, бо амалӣ гардидани Барномаи мазкур бисёр мушкилоти соҳа ҳалли худро ёфта, ҷангал дар пешрафти мамлакат, таъмини бехатарии озуқаворӣ, кам кардани таъсири гармшавии саросарӣ, захира ва кам кардани газҳои гулхонаӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва ободонии кишвар, инчунин дарёфти ҷойҳои нави кор мусоидат мекунад.
Феълан Агентии хоҷагии ҷангал корҳои нигоҳубини ҷангалзор, ба монанди нармкунӣ, додани ғизоҳои иловагӣ дар майдони 11 ҳазору 834 гектарро ба итмом расонид ва ҳифзу ҳимояи онро пурзӯр намуд. Инчунин барои ҳифз, нигоҳубин ва ҷамъоварии ҳосил ба тариқи идоракунии муштараки ҷангал бо зиёда аз 4000 оила шартномаҳои тарафайн баста шуданд, ки ин ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.
«Баҳри ба бозори дохили мувофиқ кардани сифати маҳсулот аз тарафи олимони тоҷик корҳои селексионӣ ва ноҳиябандӣ кардани навъҳои нави писта, чормағз, хуч, бодом ва дигар намуди меваҳо гузаронида шуда истодаанд. Аз ҷумла, зиёда аз 8 намуди писта ва чормағз дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Хуросон, Ваҳдат, Варзоб ва як намуди камхори сервитамини хуч дар ҷумҳурӣ парвариш ва масоҳати кишти онҳо зиёд карда мешавад. Танҳо соли гузашта дар майдони 387,6 га ниҳолҳои мевадиҳанда, дар 150 га –чормағз, дар 355 га- писта, дар 2834 га- хуч ва дар 28 га олуча шинонида шуд, ки минбаъд ба фаровонии бозор мусоидат мекунанд», — илова кард ӯ.
Ба гуфтаи Мадиброн Саидзода, маҳсулоти ҷангал аз ҷиҳати сифатнокӣ ба талаботи бозор мувофиқ набошад ҳам, аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштамъ ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз Агентии хоҷагии ҷангал усули нави идоракунии муштараки ҷангал ва аҳолиро кор карда баромад, ки тибқи он, дар идоракунии ҷангал аҳолӣ низ иштирок мекунад. Ба ин васила ҳам ҳифзу нигаҳдории ҷангалҳо пурзӯр ва ҳам ҳосили зарурӣ сари вақт ҷамъоварӣ мешавад.
“70 фоизи аҳолӣ дар деҳаҳо зиндагонӣ мекунанд, яъне дар наздикӣ ва ё дар дохили ҷангалҳо ва беҳбуди зиндагиашон ба ҷангал ва ё маҳсулоти ҷангал вобастагӣ дорад. Қариб 30 фоизи ҷангалҳоро дарахтону буттаҳои мевадор ташкил медиҳанд, инчунин қариб 200 намуди гиёҳҳои шифобахш, хӯрданибоб ва техникӣ дар ҷангалҳо мерӯянд. Ин нишонаи он аст, ки ҷангал ба таъмини захира ва бехатарии ғизо таъсири калон мерасонад. Хоҷагиҳои давлатии ҷангал ва аҳолӣ аз ҷангалҳои мамлакат ҳар сол писта, хуч, ангат, чормағз, бодом, зира ва дигар маҳсулот ҷамъоварӣ менамоянд, ки аз он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам хоҷагиҳои давлатии ҷангал фоида мебинанд”,- тазаккур дод мавсуф.
Бояд гуфт, ки яке аз мақсадҳои дигари барномаи мазкур-ин зиёд намудани масоҳат, нигоҳдории гуногунии биологӣ, нигоҳдорӣ ва барқароркунии ҷангалҳо дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.
Дар робита ба ин ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки “ҷангалзор барои ҳифзи муҳити зист ва аз чангу ғубор эмин нигоҳ доштани табиат саҳми калон дорад. Аз ин хотир агентӣ ба парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои маҳаллӣ, ки ба шароити ҷумҳурӣ хос буда, дар раванди тағйирёбии иқлим хеле муҳим мебошанд, диққати ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад ҳоло дар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ва ниҳолхонаҳои хурди назди хоҷагиҳои ҷангал кӯчату парвариши ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст».
Тибқи маълумоти сардори Раёсати хоҷагии ҷангали Агентии хоҷагии ҷангал, бо мақсади парвариши намудҳои гуногуни дарахту буттаҳои маҳаллӣ соли равон тибқи нақшаи Агентӣ 700-800 гектар майдони бунёду барқароркунии ҷангал зиёд карда мешавад. Инчунин бо мақсади сабзу хуррамгардонии мамлакат ва зиёд намудани миқдори ниҳолҳо ҳар сол дар беш аз 3 ҳазор гектар майдони муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангал ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ ниҳолу буттаҳо парвариш карда мешаванд.
Дар ҷангалзори мамлакат дарахту буттаҳои (дендрафлора) ҷангалзори табиӣ 268 намудро ташкил медиҳанд, ки қариб 30 намудашон ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз