Бонки Исломии Рушд барои дастгирии соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон ҳавасмандӣ зоҳир намуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (БИР), ҳолати татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи БИР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок, зиёд кардани сармояи умумии БИР ва дурнамои ҳамкории миёнамуҳлат 13 апрел дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар доданд аз вазорати мазкур.
Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ҷониби Бонки Исломии Рушд нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, муаррифӣ намуда, гуфт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо БИР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар робита ба ин З. Завқизода аз Президенти Гурӯҳи БИР дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллиро вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби ҷорӣ намудани таҳримҳои кишварҳои Ғарб нисбат ба баъзе шарикони тиҷоратии кишвар, инчунин ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, иқтисоди сабз, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», кишоварзӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, саноат, нақлиёт, маориф ва тандурустӣ зиёд карда шавад.
Дар навбати худ Президенти Гурӯҳи БИР Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер омодагии худро барои дастгириву маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз аз ҷониби БИР 86 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 641 млн доллар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда, дар айни замон 23 лоиҳа ба маблағи 284,6 млн доллар амалӣ мегардад.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад
Дар Ишкошим зеристгоҳи барқии «Қозидеҳ» ба истифода дода мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа доир шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун дар бораи сиёсати аграрӣ таҳия мегардад
Дар Панҷакент ҷаласаи Шуро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид
Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара дар 44 гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор гардид






