Дар Душанбе рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Апрель 30, 2022 12:05

ДУШАНБЕ, 30.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ини Сино конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҷриба ва сатҳи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он муовини Вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ҳамоҳангсози Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» Ҳалим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Бонки ҷаҳонӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ ба таври онлайн ширкат варзиданд.

Ҳадафи баргузории конференсия баланд бардоштани сатҳи огоҳии мақомоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва аҳли ҷомеа аз таҷриба ва дастовардҳои Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» буд.

Лутфия Абдулхолиқзода иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-ро мавриди татбиқ қарор додааст, ки ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва мутобиқнамоии он ба талаботи бозори меҳнат нигаронида шудааст. Ба шарофати татбиқи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, хусусан бо донишгоҳҳои аврупоӣ, таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, беҳтар намудани системаи сифати таълим ва аккредитатсия, такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорон ва табодули таҷриба муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.

«Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» аз 1 марти соли 2016 оғоз ёфта, муҳлати анҷоми он 30 октябри соли 2022 муайян шудааст. Ҳаҷми умумии Лоиҳа 15 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз он маблағи қарз 8,25 млн доллар ва маблағи грант 6,75 млн доллар мебошад. Айни ҳол дар ҳаҷми 11 млн доллар маблағ аз худ карда шудааст, ки ин беш аз 70%-и маблағи умумии лоиҳаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумот ва нақшаи мувофиқашуда, маблағҳои боқимонда то 30 октябри соли 2022 дар ҷараёни татбиқи лоиҳа пурра истифода мегарданд», — зикр кард ҳамоҳангсози лоиҳа Ҳ. Саидзода.

Дар конференсия масъалаҳо оид ба саҳми барномаи грантҳои озмунӣ дар рушди институтсионалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, арзёбии сифати таҳсилоти олӣ, такмили барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, дастгирии духтарон барои гирифтани маълумоти олии касбӣ, саҳми лоиҳа дар рушди соҳаи тиб, техника ва технология, бахши молиявӣ ва иқтисод, саноати металлургӣ дар Тоҷикистон ва омодасозии хатмкунандагони ихтисоси иқтисод барои рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат баррасӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, тавассути татбиқи 21 лоиҳаи хурди грантӣ зиёда аз 3400 нафар ҷавонписарон ва ҷавондухтарон аз рӯи 33 ихтисос курсҳои касбомӯзиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи касб гардиданд ва дар доираи татбиқи 49 лоиҳаи грантии барномаи грантҳои озмунӣ барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯи 76 ихтисос таҷдид ва такмил дода шуданд. Инчунин, такмили 305 барномаи таълимии фаннӣ анҷом дода, зиёда аз 2800 омӯзгор малакаву маҳорати худро тавассути семинару тренингҳо такмил доданд. Ҳамчунин, дар доираи татбиқи 20 лоиҳаи грантӣ аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ҷиҳати дастгирии донишҷӯдухтарон равона гардидаанд, ба зиёда аз 3822 нафар донишҷӯдухтарон хизматрасониҳои махсуси таълимӣ ва дастгирӣ барои рушди малакаҳои иловагӣ, рушди шахсии донишҷӯдухтарон ва беҳбудии шароити таълиму зиндагии онҳо расонида шуданд. Дар доираи лоиҳаҳои грантӣ донишгоҳҳо ба маблағи беш аз 40 миллион сомонӣ мебел ва таҷҳизоти таълимӣ харидорӣ намуда, лабораторияву синфхонаҳои худро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз намуданд. Илова бар ин, як қисми донишгоҳҳо бо маблағгузории лоиҳаҳои грантӣ лабораторияҳо ва кабинетҳои таълимиро таъмиру тармим намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ҷиҳати таҳияи барномаҳои таълимӣ, баргузор намудани семинарҳо ва дарсҳои амалӣ бо 64 донишгоҳи хориҷӣ аз 26 кишвари ҷаҳон ҳамкории судманд ба роҳ монда шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои арзёбии мустақили байналмилалӣ тамоми лоиҳаи грантии Лоиҳаи мазкур қаноатбахш арзёбӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дар сатҳи низоми соҳа чорабиниҳо вобаста ба такмили системаи таъмини сифат, ислоҳоти барномаи таълимии таҳсилоти олӣ ва арзёбии сатҳи маблағгузории системаи таҳсилоти олӣ мавриди амал қарор дода шуданд.

Дар баробари корҳое, ки то имрӯз дар доираи Лоиҳа анҷом дода шудаанд, дар доираи чорабиниҳои нав корҳо ҷиҳати бо таҷҳизоти иттилоотию лабораторӣ таъмин намудани донишгоҳҳо идома доранд, ки бояд то оғози соли нави таҳсил ба анҷом расонида шавад.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Апрель 30, 2022 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?
1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 112 ҳазор нафар довталаб номнавис карда шуд
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
«БЕҲТАРИН ОМӮЗГОР». Фотима Сайдализода дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотӣ сазовори дипломи дараҷаи I гардид
Марҳалаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» доир гардид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон таҳким меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд ғолибони олипиадаҳо ва омӯзгорони беҳтарин қадршиносӣ шуданд
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Сиани Чин лоиҳаҳои инноватсиониро амалӣ менамоянд
Устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Форуми табодули истеъдодҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд