ДАРОЗУМРӢ АФЗОИШ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон шумораи нафақахӯрон давоми панҷ сол 13,5 фоиз зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шумораи нафақахӯрон зиёд шудааст. Дар ҷумҳурӣ дар аввали соли 2022 афзоиши назарраси шумораи шаҳрвандоне, ки ба синни нафақа расидаанд, ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Sputnik бо истинод ба муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, то моҳи январи соли 2022 шумораи умумии нафақахӯрон дар ҷумҳурӣ ба 749,8 ҳазор нафар расидааст. Афзоиши шумораи шахсоне, ки давоми 5 сол ба синни нафақа расидаанд, 13,5 фоизро ташкил дод.
«Ба сари ҳар нафақахӯр 3,4 шаҳрванди бо кор таъмин ва 1,7 нафар кироякор рост меояд», — гуфт Маҳмадуллозода.
Ҳамин тариқ, синни миёнаи сокинони ҷумҳурӣ тадриҷан меафзояд ва давоми 10 соли охир 1,7 сол афзудааст — аз 25 ба 26,7 расидааст, яъне тамоюли афзоиши аҳолӣ мушоҳида мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, дар 30 соли охир шумораи аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар ба 9,8 миллион нафар расидааст, яъне 1,8 баробар афзуда, соли 2022 ба 10 миллион нафар мерасад. Ба гуфтаи ходими калони илмии шуъбаи геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолони Муассисаи давлатии «Институти илмию тадқиқотии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон», саргеронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб Саодат Камолова, 1 январи соли 2021 шумораи аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 126 ҳазор нафар, аз ҷумла 610,300 нафари аз 60-сола болоро (6,69 фоиз) ташкил медод.
«Давомнокии умр дар Тоҷикистон меафзояд, ки ин хуб аст, — мегӯяд С.Камолова. Ин нишондиҳандаи болоравии сатҳи зиндагии мардум низ ҳаст». Саргеронтологи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти тадқиқоти Созмони Милали Муттаҳид сабабҳои дигари эҳтимолии зиёд шудани умри инсонро номбар кард: рушди иқтисодӣ; кам кардани фавти кӯдакон; кам шудани фавт миёни аҳолии қобили меҳнат; кам кардани истеъмоли машрубот ва тамоку; «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи бомуваффақият бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла сактаи майнаи сар); кам кардани шумораи куштор ва худкушӣ.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни суханронӣ дар Маҷлиси Олӣ дар бораи афзоиши нафақа, кумакпулӣ ва маош, аз ҷумла ҳадди ақали музди меҳнат хабар доданд. Онҳо аз 1 июли соли 2022 афзоиш меёбанд. 13 январи соли равон Сарвари давлат фармони дахлдоре ба имзо расонд, ки ба кормандони идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоти буҷетӣ дахл дорад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»






