Директори Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ТАСС иштирок менамояд

Апрель 8, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел дар ТАСС нишасти матбуотии онлайнии президенти муассисаи патентии Авруосиё ва роҳбарони мақомоти патентии кишварҳои узви Созмони патентии Авруосиё (СПА) тибқи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои маъмурии ин созмон баргузор мешавад. Дар он Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мирзо Исмоилзода иштирок мекунад.

Дар бораи натиҷаҳои кори системаи минтақавии ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, фаъолияти идораҳои миллии патентӣ ва дурнамои рушди СПА роҳбарони идораҳои патентии давлатҳои аъзои СПА: Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин президенти Созмони патентии Авруосиё Григорий Ивлиев суҳбат мекунанд.

Намояндагони ВАО метавонанд ба таври фосилавӣ бо пур кардани НУСХАИ АККРЕДИТАТСИЯ дар саҳифаи эълон дар бахши Маркази матбуоти ТАСС иштирок намоянд. Ҳангоми бақайдгирӣ зарур аст рақамҳои телефони мобилӣ, ки ба он барномаи WhatsApp насб шудааст, нишон дода шавад.

Пахш дар сомонаи ТАСС дар саҳифаи эълон ва инчунин дар гурӯҳи Маркази матбуоти ТАСС дар ВКонтакте дастрас хоҳад буд.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993, дар заминаи собиқ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии иттилооти илмӣ-техникӣ ва тадқиқоти техникӣ – иқтисодии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар ин давра муассиса ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, ҷиҳати таъмини ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои миллии неруи зеҳнӣ бо меҳнати заковатмандона ҷидду ҷаҳд намуд.

Муассиса ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ аз оғози фаъолият  татбиқи афзалияти сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, махсусан  ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи обектҳои моликияти саноатиро ба зимма дошта, барои ҳамгироии неруи миллии зеҳнӣ ба рушди эҷодиёт, ихтироъкорӣ, соҳибкорӣ ва устувории иқтисоди кишвар мусоидат менамояд.

ДАР АКС: директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода.

Вазифаҳои асосии муассиса аз ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, топологияи микросхемаи интегралӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ иборат буда, инчунин ҳамоҳангсозии корҳои ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии корҳои илмию тадқиқотӣ ва коркардҳои таҷрибавию конструкторӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасонии маълумотию иттилоотӣ  ба шаҳрвандон, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Муассиса дар як давраи кӯтоҳ дар самти ҳамоҳангсозӣ, дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ, иттилоотнокии ҷомеа ва рушди соҳа  корҳои муҳимро иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар давраи фаъолият заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моликияти саноатӣ бо шаш қонуни соҳавӣ пурра гардонида шуда, мавриди амал қарор дода шуд. Аз  ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» (аз 02.01.2019), «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» (аз 02.01.2019), «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» (аз 02.01.2019), «Дар бораи топологияи микросхемаҳои интегралӣ» (аз 02.01.2019), «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» (аз 02.01.2019), «Дар бораи ихтирооти махфӣ» (аз 02.01.2019).

Соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳукуқи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) гардид.

Моҳи апрели соли 1996 институти намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Айни замон 19 намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Иҷозатнома, Низомнома «Дар бораи намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои гузаронидани аттестатсия ва бақайдгирии намояндагони патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондаанд.

Аз соли 1993 дар сохтори муассиса Шӯрои шикоятӣ амал мекунад, ки вазифаи он иборат аз баррасии масъалаҳои баҳсӣ дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ мебошад. Шӯрои шикоятӣ мақоми то судӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳсӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади ҳамҷониба баррасӣ намудани масъалаҳои мубрами соҳа, ҳамоҳангсозӣ, пешгирӣ намудани холатҳои ҳукуқвайронкунӣ, рақобати бевиҷдонона, тарғибу ташвиқи соҳа, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии аҳолӣ дар ин давра мутобиқи  қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳо ва шӯроҳо таъсис дода шуданд. Аз ҷумла, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 «Дар бораи таъсиси Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ», аз 3 майи соли 2006, «Масъалаҳои Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» ва  аз 6 декабри соли 2014 бо мақсади амалигардонии Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин дар давраи солҳои 2012-2016 Муассиса бо як қатор идораҳои патентии давлатҳои Исроил, Филиппин, Туркия, Эстония ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум  ба имзо расонидааст. Муассиса давоми солҳои 2013, 2017 ва 2019  Озмуни ҷумҳуриявии Бренди сол  таҳти унвони «Қуллаи шараф» барои муайян намудани бренди сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Ҳадафи асосии озмуни мазкур тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо вобаста ба истифода ва пешбурди Бренд дар фаъолияти худ мебошад.

Бо ташаббуси Муассиса соли 2014 аввалин Интернет– портали миллии инноватсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.innovation.tj таъсис дода шуд.

Интернет-портали миллии инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини дастрасии умумӣ ва қонеъ гардонидани талаботи муштариён  ба  иттилоот дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ва объектҳои моликияти зеҳнӣ, иттилоот оиди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва технологияҳои нав таъсис дода шудааст. Дар интернет-портал маълумот дар бораи фаъолияти инноватсионӣ, технологияҳои нав ва хизматрасониҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилотии олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ, ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, соҳибкории хурду миёна тариқи ройгон ҷойгир карда мешаванд.

Аз соли 2003 инҷониб дар муассиса Кафедраи байнидонишгоҳии «Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» фаъолият менамояд, ки вазифаи он ба тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва пурқувват намудани мақоми моликияти зеҳнӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Самти асосии фаъолияти кафедра таълими мутахассисони касбии дорои донишҳои амиқи назариявӣ ва амалии зарур дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, тарғиби донишҳо дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, мукаммалгардонии сифати тайёркунии мутахассисон дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ бо назардошти талаботи истеҳсолоти муосир, илм, техника ва дурнамои рушди онҳо, такмили ихтисоси мутахассисоне, ки дар сохторҳои гуногуни ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ вобаста фаъолият мекунанд, ба ҳисоб меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид
IRS: Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд
Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст
Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад
Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад
Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт