Донишгоҳҳои Русия имкони ифтитоҳи филиалҳояшонро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бархе аз донишгоҳҳои Русия имкони кушодани филиалҳояшонро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунанд. Дар ин бора ба ТАСС Сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов зимни мусоҳиба ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар иттилоъ додааст.
«Дарвоқеъ, баъзе донишгоҳҳои мо чунин имконро баррасӣ мекунанд. Шумо бояд бифаҳмед, ки кушодани филиали донишгоҳи Русия якбора ҳалли якчанд масъалаи ҷиддиро дар бар мегирад: ин ҷудо кардани бинои мувофиқ ва ҷалби ҳайати омӯзгорони ботаҷриба, муҷаҳҳаз кардани синфхонаҳо ва ҷудо кардани ҷойҳои буҷетӣ барои қабули донишҷӯён мебошад. Умедворем, ки раҳбарияти бархе донишгоҳҳои Русия дар оянда дар ин бора тасмими мусбат хоҳанд гирифт», — гуфт Лякин-Фролов.
Ба гуфтаи ӯ, бояд ба омодагии касбии ҷавонони тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад, ки ин ба хати умумии ҳамкории минбаъда дар соҳаи муҳоҷирати корӣ мувофиқ хоҳад буд.
Ҳоло дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон филиалҳои се донишгоҳи пешрафтаи Москва – Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «МИСиС» ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии «МЭИ» фаъолият доранд.
ДАР АКС: Филиали ДДМ ба номи Ломоносов. Дар маросими кушодашавии бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ректори он академик В. А. Садовничий иштирок намуданд. Июл, соли 2010. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






