КАМ АСТ Ё ЗИЁД? Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон 600 тонна моҳӣ истеҳсол намудааст

Апрель 28, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 372 хоҷагии хурду бузург ба парвариш ва истеҳсоли моҳӣ машғуланд. Дар се моҳи аввали соли равон 600 тонна моҳӣ истеҳсол шудаст. Ҳарчанд ин миқдолр моҳӣ дар қиёс ба солҳои қаблӣ бештар бошад ҳам, вале барои таъмини аҳолии кишвар кифоя нест. Зеро моҳии истеҳсолнамудаи мо бо иловаи зиёда аз се ҳазор тоннаи воридотӣ ба ҳар сари аҳолӣ 140 граммро ҳам ташкил намедиҳад. Ҳол он ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмолии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки бояд як нафар дар як сол нуҳ кило моҳӣ истеъмол намояд. Дар ин бора сардори КВД «Моҳии Тоҷикистон» Миралӣ Наимов зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» ибрози назар намудааст.

«Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022 барои аз шаш намуди андоз озод гардидани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва дигар дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушди соҳа, зиёдшавии хоҷагиҳо ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот шароити мусоид фароҳам овард», – гуфт Миралӣ Наимов.

Мавсуф зикр намуд, ки «60 дарсади обҳои ширини Осиёи Миёна аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд. Аз ин ҳисоб мо бояд дар як сол то 85 ҳазор тонна моҳӣ истеҳсол намоем. Барои таъмини 10 миллион аҳолӣ камаш 80 ҳазор тонна моҳӣ бояд истеҳсол кард».

Ҳамчунин Миралӣ Наимов омили кам истеҳсол гардидани моҳиро аз набудани мутахассис медонад. Зикр шудааст, ки ҳоло дар хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ қариб 1800 нафар кор мекунанд, ки танҳо 15 нафарашон мутахассиси соҳа мебошанд. Дар 372 хоҷагии моҳипарварӣ ҳадди ақал 410 мутахассиси моҳишинос–ихтиолог намерасад.

Тибқи маълумоти дастрас, кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 65 намуд моҳӣ мебошанд, ки аз он нуҳ намудаш дар хоҷагиҳо парвариш меёбанд. Солҳои пеш дар ҷумҳурӣ 15-20 миллион кирминамоҳича гирифта мешуд, соли сипаришуда ин шумора беш аз 140 миллионро ташкил дод. Барои рушди моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ на кам аз 25-35 коргоҳи тавлиди моҳича зарур аст, то дар онҳо моҳичаҳоро парвариш карда, барои захира ба ҳавз, кӯл ва обанборҳо сар диҳем.

Хотиррасон мешавем, ки даромад аз фурӯши моҳӣ яке аз роҳҳои бой гардонидани буҷети хоҷагиҳо ва беҳдошти шароити зиндагии кормандони ин соҳа маҳсуб меёбад. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан навишта буд, дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се сол муқаддам дар ҷараён боздид аз хоҷагии моҳипарварӣ дар деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъкид намуда, шахсан ба ҳавзи махсуси моҳипарварӣ беш аз 10 ҳазор моҳичаи навъҳои гуногун сар дода буданд.

Қобили зикр аст, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Апрель 28, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид