«Маориф ва илм. Инъикос ва баррасии муҳимтарин масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Апрель 28, 2022 14:30

ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият»  дар саҳифаи аввали шумораи  №79 (24 438), душанбе, 25 апрели соли равон таҳти  сарлавҳаи  «Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад» суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро, ки 23 апрел дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, нашр намудааст.

Сарвари давлат дар суханронии худ чунин таъкид намудаанд: «Тоҷикистон низ зери таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар чанд даҳсолаи охир зиёда аз як ҳазор пиряхи худро аз даст дода, ҳамасола аз селу обхезиҳои зиёд ва хушксоливу камобӣ, ки марбути ин раванданд, хисороти зиёди моливу ҷонӣ мебинад.

Мусаллам аст, ки захираҳои об дар мутобиқшавӣ ва устуворият ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим нақши калидӣ доранд.

Дар ин замина Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Пешвоёни Эътилофи обу иқлим ҷиҳати пешбурди ҳамгироишудаи масъалаҳои обу иқлим дар рӯзномаи ҷаҳонӣ саъй менамояд.

Дар доираи ин раванд, аз ҷумла мо пешниҳод намудем, ки соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала суръат бахшида шаванд. Нуктаи муҳими дигар гирифтани уҳдадорӣ ва анҷоми амалҳои мушаххаси ҳадафмандона дар ин ҷода мебошад. Ба ин хотир Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор»   «Раванди оби Душанбе»-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6 то 9 июни соли ҷорӣ дар назар дорад».

Дар саҳифаи аввали ин шумора зери сарлавҳаи «Маориф ва илм. Инъикос ва баррасии муҳимтарин масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат» ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабару  гузоришҳо  аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ  ва иҷтимоии мамлакат нашр гардидаанд.

Дар маводи «Маориф ва илм. Инъикос ва баррасии муҳимтарин масоили иҷтимоӣ дар паёмҳои Пешвои миллат»-и узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддин хонанда имкон дорад доир ба масоили муҳимтарини маориф, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон онро мавриди баррасӣ қарор додаанд, маълумот пайдо намояд. Муаллиф дар ин мавод маориф ва илмро на танҳо манбаи муҳимтарини қувваи истеҳсолкунанда, балки яке аз омилҳои асосии рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбии мамлакат унвон намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора хонанда метавонад дар рубрикаи «Ҷаҳон»  ва «Ҷаҳон дар як сатр»  аз навигариҳои  дунё бохабар гардад.

Ҳамзамон дар ин шумора матлабҳои гуногун  доир ба мавзӯъҳои муҳими  рӯз мавриди таҳлил қарор дода шуда, пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

«Таҳсилоти рақамӣ. Бардошти ихтисосӣ аз иқдоми ояндасоз»-чунин ном дорад матлаби рӯзноманигори ин нашрия, ки дар он масъалаҳо  вобаста ба рақамикунонӣ ва истифодаи васеи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим бо директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми мамлакат Абдураҳмон Гулзода баррасӣ гардидаанд. Дар матлаби «ҲНИ ҳанӯз дар камин аст, то вазъро ноором созад» хонанда доир ба амалҳои нопоки ин ҳизб маълумот пайдо менамояд. Инчунин дар ин шумора дигар мавзӯъҳои рӯзмарра низ таҳлилу баррасӣ гардидаанд.

Бояд гуфт, ки хонанда имкон дорад аз ҳар шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз маълумот пайдо намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи рӯзи сешанбе, 26 апрел №51  (4471) суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором,  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводи таҳлилиро ба нашр расонидааст.

Дар ин шумора хонанда имкон дорад, ки аз матлаби «Роҳҳои мубориза бо душмани ашаддии картошка» доир ба роҳҳои бартараф намудани ҳашароти зараррасони гамбӯсаки колорадӣ аз майдонҳои кишти картошка маълумот пайдо намояд. Инчунин дар матлаби «Тағйирёбии иқлим ва коҳишёбии об» доир ба норасоии об, ки яке аз мушкилоти глобалии сайёра мебошад, маълумот дода шудааст. Матлаби «Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» хонандаро бо арзишҳои ватану модар ва  хештаншиносӣ шинос менамояд. Ҳамзамон хонандагон метавонанд дигар мақолаву гузоришҳои хонданиро аз ин шумора мутолиа намоянд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №18 (20351), 22 апрели соли равон  хабару гузоришҳоро аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, барқияи табрикии Сарвари давлат ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон ва мубодилаи барқияҳо миёни Президентони Тоҷикистон ва Муғулистон ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишварро нашр намудааст.

Инчунин дар ин шумора хонандагон метавонанд  хабару гузоришҳои омоданамудаи рӯзноманигорони ин нашрия, инчунин маводи таҳлилӣ зери сарлавҳаҳои «Интеллектальная собственность-показатель инновационного развития», «Антибиотики: конец эпохи или начало новой эры», «Ремесло ювелира не умрет, пока на свете живет хоть одна женщина»- ро  мутолиа  намоянд.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №16 (1362), чоршанбе, 23 апрели соли 2022 дар баробари дигар нашрияҳо ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро инъикос намудааст. Инчунин  дар ин шумораи рӯзнома  хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ  ва дигар  маводи ҷолиб ба  нашр расидаанд. Аз ҷумла,  метавон аз  маводи «Навгониҳо дар ҳаёти ҳизб» оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  дар маводи «Қадамроҳи ватандорӣ» доир ба рӯзгори ибратбахши арбоби сиёсиву фарҳангӣ, собиқ Вазири маданияти РСС Тоҷикистон, профессор Меҳрубон Назаров маълумот пайдо намуд.

«Ватангумкардаҳо» — чунин номгузорӣ шудааст матлабе, ки дар он доир ба он гумроҳгаштагоне, ки ба ватани хеш хиёнат мекунанд, маълумот дода шудааст. Инчунин дар ин  шумора маводи «Рӯмон-нусхае аз ориён», «Бонуи коргардон», «Суннате, ки бояд аз байн наравад» ва «Фотеҳи ду ҷабҳа»  рӯи  чоп омадаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар

Апрель 28, 2022 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон банаворгирии филми мустанад бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ оғоз гардид
Доир ба нақши Муҳаммад Хоразмӣ дар рушди илми ҷаҳонӣ машварати илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Хатлон китоби «Қадами файзбор» ба табъ расид
Зулфия Давлатназарова: «Бо ихтирои навъҳои нави серҳосили зироати кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорем»
Соли 2025 дар Малайзия Ҳафтаи кинои тоҷик баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон банаворгирии филми ҳунарии «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» оғоз шуд
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер ташкил карда мешавад
Ҳунарманд Ихволой Раупова: «Дар армуғонҳои кулолиамон бештар нақши адрасу чаканро истифода мебарем»
«МОДАР ВАТАН АСТУ ХУД ВАТАН МОДАРИ МОСТ!». Зан-Модар дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи хосса дорад
Гурдофарид рамзи паҳлавонию ҷасорати Зан-Модари тоҷик дар «Шоҳнома»-и Абдулқосим Фирдавсӣ аст
Президенти Тоҷикистон аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба занон тақдим намуданд