Матлубахон Сатториён вобаста ба баланд бардоштани сатҳи таълим бо омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд суҳбат намуд
ДУШАНБЕ, 08.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз якчанд факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дидан намуда, ҳамзамон ба устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир ба баланд бардоштани сатҳи таълим, омӯзиши фанҳои дақиқ, забономӯзӣ, таъминот бо китобҳои тахассусӣ ва адабиёт, беҳтар намудани сифати таҳсилот дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин ташаббус муовини Сарвазирро гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби муовинони вазорату идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ намуд.
Дар доираи ин иқдом аз осорхонаи донишгоҳ, факултети санъати тасвирӣ ва технология, инчунин факултети физикаю техника боздид ба амал омад.
Инчунин зимни боздид муовини Сарвазир дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бо Арт — галереяи Монӣ, шароити синфхонаҳои дӯзандагӣ, кандакорӣ, устохонаи таълимӣ, заминаи техникии ихтисосҳои технология ва дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ аз наздик шинос шуд.
Таъкид гардид, ки таъмини рушди соҳаи илму маориф аз ҳадафҳои меҳварии Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати ғамхорӣ ва дастгирии кормандони соҳа бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.
Дар идома муовини Сарвазири ҷумҳурӣ аз лабораторияи механикаи факултети физикаю техника дидан намуда, бо таҷҳизот, лавозимоти техникӣ ва номгӯи корҳои лаборатории дар ин озмоишгоҳ иҷрошаванда шинос гардид.
Ба Матлубахон Сатториён иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ 32 лаборатория амал намуда, дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таъсиси озмоишгоҳҳои дигар дар нақша аст.
Дар ин замина бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани маънавиёт ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ








Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






