Миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон парвозҳои мунтазам афзоиш дода мешаванд

Апрель 20, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиш ёфтани теъдоди парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар масири Душанбе-Алмато-Душанбе, Душанбе-Дубай-Душанбе, Душанбе-Истанбул-Душанбе, Душанбе-Тошканд-Душанбе ва байни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия иттилоъ медиҳад. Ҳадафи афзоиши парвозҳо дар масирҳои зикргардида рафту омади бемамониати шаҳрвандон ва поён бурдани арзиши чиптаи ҳавопаймо арзёбӣ мегардад.

Дар хабаре, ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, гуфта мешавад, ки Агентии мазкур бо маъмурияти авиатсияи граждании кишварҳои хориҷи дуру наздик ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамкориро таҳким бахшида, тибқи дархости ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ лоиҳаи ҷадвали парвозҳои мунтазами онҳо тасдиқ гардида истодааст.

Инчунин бо назардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии кишварҳои ҷаҳон ва бо мақсади васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо аз ҷониби «Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул гардидааст.

Тибқи ин қарор, парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Нурсултон-Душанбе ва Душанбе-Теҳрон-Душанбе бо зичии 2-парвозӣ дар як ҳафта аз ҳар ҷониб барқарор карда мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 20, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон