Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар Форуми сеюми ҳизбҳои сиёсии Осиёи Миёна ва Ҳизби Коммунистии Чин иштирок намуд

Апрель 15, 2022 08:57

ДУШАНБЕ, 15.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар Форуми сеюми ҳизбҳои сиёсии Осиёи Миёна ва Ҳизби Коммунистии Чин дар мавзӯи “Пайгирона ҳаракат намудан дар роҳи  инкишоф бо хусусиятҳои худ: вазифа ва масъулияти ҳизбҳои сиёсӣ” тариқи онлайн иштирок ва сухан кард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Форуми мазкур бо ибтикори шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Ҳизби Коммунистии Чин ва иштироки васеи ҳизбҳои сиёсии минтақа ба ифтихори 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.

Дар Форум Абдуҷаббор Азизӣ зикр  кард, ки ҳизби мо таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори иқтисодӣ, истиқлоли комили энергетикӣ ва озуқаворӣ, таҳкими демократия, пояҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва сиёсати берунии пурсамарро бо дарназардошти афзалияти манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ дар доираи шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» роҳандозӣ ва татбиқ мекунад.

— Бо қаноатмандӣ аз муносибатхои дӯстона, неки ҳамсоядорӣ ва ҳасана мехоҳам таъкид намоям, ки Ҳизби Коммунистии Чин дар давоми солҳои тӯлонӣ ва муборизаи далерона ҷиҳати таъмини некуаҳволии халқ талош намуда, муваффақ шудааст, — афзуд А. Азизӣ.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар мубориза бо чолишҳои муосир алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар падидаҳои манфӣ талош хоҳад кард. Изҳори бовар карда шуд, ки раҳбарони ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон барои муқобила бо мушкили глобалӣ якҷоя роҳи ҳалро пайдо мекунанд.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ бо қаноатмандӣ ишора намуд, ки кишварҳои мо ҳамкории гуногунҷанбаро минбаъд низ тавсеа ва амиқтар гардонида, намунаи ҳамсоягии нек ва дӯстӣ боқӣ мемонанд ва кафили суботу амнияти минтақавӣ хоҳанд буд.


Давоми 10 соли охир миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунисти Чин лоиҳаҳои зиёди муштарак амалӣ гардида, сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои ҳизбӣ сурат гирифтанд ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор анҷом ёфт. Дар ин муддат ба сатҳи хамкории ҳизбӣ баҳои мусбат дода шуд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем.

Тағйирёбии иқлим, буҳрони молиявию иқтисодӣ, ноустувории нархи нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, афзоиши бекорӣ ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоти башарият дар оғози қарнҳои XX ва XXI дониста шуданд.

Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуд, ки вазъияти кунунии Осиёи Марказӣ ва хусусияти муносибатҳои давлатҳои минтақа байни худ ва дигар кишварҳои олам марҳилаи дигаргунсозии фаъолро аз сар мегузаронад. Гуфта шуд, ки Осиёи Марказӣ ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад ва бо ҳамгироии зичтар дар равандҳои иқтисодию сиёсии ҷаҳон алоқаманд аст.

«Мо итминон дорем, ки бо талошҳои муштарак дар фурсати кутоҳмуддат ба суботи сиёсиву иқтисодӣ дар минтақа ноил мешавем, — изҳор дошт  А.Азизӣ ва илова кард, ки  дар ин замина, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои наздиктари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро тақвият бахшидан хеле муҳим дониста мешавад. Мавқеи ҷуғрофӣ, робитаҳои чандинасраи фарҳангӣ ва маънавии кишварҳои мо метавонанд барои рушди муносибатҳо дар ин шакл шароити хуб фароҳам оранд».

Баромади Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ  дар Форуми сеюми ҳизбҳои сиёсии Осиёи Миёна ва Ҳизби Коммунистии Чин аз ҷониби иштирокчиён самимона пазируфта шуд.

Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода ва роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён низ дар Форум иштирок намуданд.

Мавриди зикр  аст, ки ҳамкории байналхалқии ҲХДТ бо ҳизбҳои сиёсии ҷаҳон шоистаи таҳсин буда, дар шароити муосир бомаром густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории ҲХДТ бо ҳизби умумироссиягии «Единая Россия», Ҳизби Коммунистии Чин, ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» ва «Ени Азербайджан» дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ ҷараён дорад.

Ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин дар асоси созишнома беш аз 10 сол татбиқ мегардад. Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои ҳизбҳои сиёсӣ рушди наву динамикиро касб намудаанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин ҳизбҳои сиёсии кишвар буда, беш аз 500 ҳазор аъзо дорад. 50,5 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 34 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Аксҳо: КИМ ҲХДТ

Апрель 15, 2022 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими ҳавзаи федералии Урали Русия мулоқот намуд