Насиба Содиқӣ бори дуюм муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ оид ба илм ва маориф интихоб гардид

Апрель 18, 2022 12:16

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии АБ ИДМ  оид ба илм ва маориф, ки дар қасри Твер — қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор гардид, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  Насиба Содиқӣ бори дуюм муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба илм ва маориф ба муҳлати  се  сол интихоб гардид.

Дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ вакилони парлумон аз Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, коршиносон ва намояндагони донишгоҳҳои пешрафтаи Русия иштирок намуданд.

Маҷлис аз интихоби раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ  оид ба илм ва маориф оғоз шуд. Дмитрий Кобитский, дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ гуфт, ки Шӯрои Федератсиони Маҷлиси федеролии Русия дубора ба ин мақом Лилия Гумерова, раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба илм, маориф ва фарҳангро пешбарӣ кардааст. Аъзои кумита номзадии ӯро якдилона дастгирӣ карданд.

Ба вазифаи муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба илм ва маориф, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дубора интихоб гардид.


Сипас аъзои комиссия пешниҳодҳоро оид ба лоиҳаи Нақшаи дарозмуддати қонунбарории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2023-2025, ки аз парлумонҳо – аъзои АБ ИДМ, Шӯрои коршиносони АБ оид ба илм ва маориф ворид шудаанд, баррасӣ намуданд.

Ба гуфти Лилия Гумерова, таклифҳо бисёр буданд, комиссия дар бобати таҳлил ва хоста гирифтани онҳо кори пурҷӯшу хурӯш ба ҷо овард ва дар натиҷа онҳо дар даҳ ҳуҷчат қарор гирифтанд. — Ин ҳаҷми корест, ки комиссия барои муфассал кор карда баромадани ҳар  вазифа дилпурона ба уҳда гирифта метавонад, — шарҳ дод раис.

Дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи тиҷоратӣ гардонидани ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи илм ва техника», «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва  лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни намунавӣ «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», лоиҳаи таҳрири нави Кодекси иттилоотии намунавии давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Комиссия инчунин пешрафти якчанд тавсияҳоро дида баромад.  Дар байни онҳо Тавсияҳо оид ба равишҳои ҳамоҳангшуда оид ба ташаккули системаи таҳсилоти муосири фармасевтӣ дар кишварҳои узви ИДМ, оид ба самтҳои ояндадори қонунсозии намунавӣ дар соҳаи илм ва маориф, танзими истифодаи зеҳни сунъӣ, танзим оид ба рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, оид ба ташкили корҳои тарбиявӣ бо волидон ва фаъолияти ҷомеаи падару модарон ва тавсияҳо оид ба чораҳои муайян ва дастгирии кӯдакону ҷавонони лаёқатманд ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Илова бар ин, пешниҳодҳо оид ба Нақшаи дарозмуддати қонунбарории намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025, натиҷаҳои кори комиссия дар соли гузашта, бозиҳои Делфии ИДМ, инчунин маълумот дар бораи съезди VI муаллимон ва маорифи халқи ИДМ, конференцияи «30-солагии ИДМ-  «Натиҷаҳо ва дурнамо», ки тирамоҳи соли 2021 баргузор гардид ва маълумот оид ба омодасозии конфронси байналмилалии «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии рушди рақамии ҷомеа» баррасӣ гардиданд.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Содиқӣ Насиба Нуруллозода 3 майи соли 1968 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1985 мактаби миёнаи № 12-и ш. Душанберо хатм намуда, ба факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1990 хатм намуд.

Аз соли 1990 то 17 марти соли 2017 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, нозири кадрҳо, котиби илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ ва муовини директор оид ба илм, муовини директор оид ба илм ва таълим кор кардааст. 1 марти соли 2015 то соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардид. Муовини раиси кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.  Аз 1 марти соли 2020 такроран вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардид.  Раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мебошад.

Дар давраи фаъолияти илмӣ 3 монография, зиёда аз 80 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навиштааст. Таҳти роҳбарии илмии ӯ 9 нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуда, 3 нафар рисолаи худро барои дифоъ омода намудаанд.

Соли 2000 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Фалсафаи антропологии Мирзо Абдулқодири Бедил» ва соли 2007 рисолаи докториро аз рӯи мавзӯи «Фалсафаи Мирзо Абдулқодири Бедил» дифоъ намудааст.

Соли 2002 сазовори рутбаи илмии дотсент, соли 2001 дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои ҶТ барои олимони ҷавон ва соли 2002  соҳиби Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ гардидааст.

Солҳои дароз дар кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантон дарс мехонад. Ҳамзамон дар макотиби олии ҷумҳурӣ барои донишҷӯён дарси фалсафа, фарҳангшиносӣ мехонад.

Котиби масъули конференсияҳои байналмиллалӣ бахшида ба 960-солагии Умари Хайём, 2700-солагии «Авесто» ва 1025-солагии Ибни Сино таъин шудааст.

Аъзои Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Борҳо бо ифтихорномаҳои Раёсати Академияи илмҳо сазовор гаштааст. Ду маротиба бо соати дастии хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорандаи Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

АКС: МН МО ҶТ

Апрель 18, 2022 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид