Пагоҳ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шакли видеоӣ доир мешавад

Апрель 21, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мулоқоти панҷуми вазирони корҳои хориҷии Русия ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ 22 апрел тавассути конфронси видеоӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«22 апрел ҷаласаи панҷуми вазирони корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шакли видеоӣ баргузор мешавад. Дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ширкат мекунад», — зикр карданд дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тавре дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Русия омадааст, вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои ҳифзи субот дар минтақа ва мубориза бо таҳдидҳои терроризму ифротгароиро баррасӣ менамоянд.

«Дар бораи вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои ҳамсоя табодули афкор сурат хоҳад гирифт. Таваҷҷуҳ ба дурнамои тавсеаи соҳавии қолаби «шашгона», инчунин самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла, нақлиёт, энергетика, беҳбуди санитарию эпидемиявӣ ва амнияти миллӣ зоҳир мегардад», — зикр намуданд дар вазорат.

АКС аз бойгонии АМТ «Ховар»

Апрель 21, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд