Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: Имсол барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад

Апрель 1, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро илова ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД-19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра сахт ба ташвиш овардааст. Ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

Бо дахли вазъи баамаломада дар ҷаҳон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид карданд, ки тибқи таҳлилҳо, инсоният имрӯзҳо дар давраи ҳассостарину душвортарини таърихи беш аз садсолаи худ қарор дорад.

«Мувофиқи хулосаи коршиносон, оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд, — тазаккур доданд Сарвари давлат. — Хусусан, соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад».

Дар чунин шароит, ба зикри Пешвои миллат, моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем, арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода барем.

Тавре дар идома Президенти Тоҷикистон тазаккур доданд, дар замоне, ки вазъияти сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо гардида, масъалаи истиқлолу озодии кишварҳои алоҳида ва сохти давлатдории онҳоро таҳти саволи ҷиддӣ қарор додааст, ҳар яки моро водор месозад, ки иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшем.

«Мо вазифадорем, ки барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи иқтисодиёт ва сокинони кишвар аз таъсири вазъи бамиёномада бо истифода аз тамоми захираву имконияти мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар дод, Ҳукумати мамлакат аллакай нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ қабул кардааст. Баъд аз ҷорӣ шудани як бастаи таҳримҳои иқтисодӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ алайҳи баъзе шарикони асосии тиҷоратӣ Ситоди байниидоравии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таъсис дода шуда, 26 ва 28 феврал, 1, 3 ва 4 март бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, истеҳсолкунандагони ватанӣ, ассотсиатсияҳои истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони ғалладона ва маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд ҷаласаҳои ситод баргузор гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»