ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбари раиси Кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сурат гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сарвазир ёдовар шуд, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мешавад.
Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон баргузор гардида, ҳамчун пайванди марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки 22-24 марти 2023 дар Ню Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хидмат хоҳад кард.
Зикр гардид, ки об — асоси ҳаёт буда, он на танҳо барои ташнашиканӣ ва нигоҳ доштани саломатӣ зарур аст. Захираҳои об ҳамчунин аз нуқтаи назари шуғл аҳамияти бузург доранд, ки дар навбати худ ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инсонӣ мусоидат мекунанд. «Аз ин рӯ, ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббусҳои муҳим ва мубрами замони муосир дастгирӣ ёфтанд. Аз соли 2000 инҷониб дар асоси ташаббусҳои Сарвари давлатамон Маҷмаи Умумии СММ 7 қатънома қабул кард, ки ба ҳалли масъалаҳои об нигаронида шудаанд», — гуфт Қоҳир Расулзода.
Дар бораи омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муовини раиси Кумитаи тадорукот, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳисобот дод.
Ӯ иттилоъ дод, ки барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронс Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 26 феврали соли равон тасдиқ карда шуд. Котиботи Конфронс иборат аз 11 коршинос таъсис ёфта, ҳоло дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Илова бар ин, ба сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарону намояндагони СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони байналмилалӣ даъватномаҳо фиристода шуданд. Ҳамчунин то имрӯз 140 иштирокчии дигар ва беш аз 2000 коршинос аз саросари ҷаҳон тариқи онлайн сабти ном шудаанд. Сомонаи расмии Конфронс дар шабакаи интернет ва саҳифаҳои Конфронс дар шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook» боз гардиданд.
Дар Конфронси дуюми сатҳи баланд баргузории панелҳо дар се гурӯҳ дар назар аст. Дар доираи Конфронс 6 ҳамоиш дар мавзӯъҳои об барои кӯдакон, ҷавонон, занон, ҷойҳои кӯҳӣ, бахши хусусӣ ва ғайра, инчунин Форуми об дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар «Наврӯзгоҳ» барои иштирокчиёни форум ва меҳмонон барномаи консертӣ, намоиши об ва намоишгоҳи таомҳои миллӣ пешкаш мегарданд.
Тавре Вазири корҳои хориҷии ҶТ хабар дод, дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, 22 март марафони ҷаҳонии об бо номи «RUN BLUE» («Дави кабуд») оғоз гардид. Марафони обии «Run Blue» бо дастгирии Бунёди ташнагӣ аз ҷониби ҷавозани фаъоли дар ҷаҳон машҳур ва давандаи марафон Мина Гулӣ дар ҷойҳои шадидтарини сайёра дар тамоми кишварҳои ҷаҳон (200 марафон) дар 12 моҳ бо ҷалби беш аз 200 миллион нафар роҳандозӣ шуда, пас аз як сол дар маросими ифтитоҳи Конфронси оби СММ 22 марти соли 2023 ҷамъбаст мегардад.
Тавре интизор меравад, дар рӯзҳои дар Тоҷикистон баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд Мина Гулӣ ба Душанбе меояд. Ҳадафи муҳими марафон — ҷалби таваҷҷуҳ ба Конфронси байналмилалии СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи пешрафт дар ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Конфронси оби СММ-2023) мебошад, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню Йорк баргузор мешавад.
Ҳамраисони Конфронси оби СММ-2023 Тоҷикистон ва Нидерланд буда, бо азму иродаи қавӣ ният доранд, ки онро барои тамоми ҷаҳон ба лаҳзаи ҷаззоб ва ҳалкунанда табдил диҳанд.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин гузориши роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишварро оид ба омодагӣ ба Конфронс шунид. Сарвазир ба онҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» супоришҳои мушаххас дод.
АКС: АМИТ «Ховар»