Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ҷараёни таҷдиду навсозии НБО «Норак» дидан намуд

Апрель 5, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 апрел дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ҷараёни таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоев дидан кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинони соҳавӣ ва гурӯҳи корӣ иборат аз ҳайати намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамроҳӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷдиди НБО «Норак» дар ду марҳила ба иҷро расонида мешавад. Аз 1 январи соли 2019 корҳои таҷдид ва барқарорсозӣ дар неругоҳ оғоз гардида, аз 12 июни соли 2018 ширкати «Андритс Гидро» дар марҳилаи якум ва дуюми пакети-1 дар озмуни тендерӣ ғолиб баромад ва пудратчии асосӣ интихоб шуд.

Ширкати «Андритз Гидро» дар доираи марҳилаи 1-уми Р1 таҷдиди 3 адад гидроагрегат ва таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он, ивазнамоии 27 адад кранҳои борбардори неругоҳ, таҷдиди эҳтиёҷоти хусусии неругоҳ, таҷдиди 3 ҳалқаи барқии комплекси зеризаминӣ, ивази лифтҳои мусофирбар ва лифти борбардори неругоҳ, таҷдиди дарбандҳои кӯравӣ, таъмири обрасонҳои турбинавӣ, таҷдиди чоҳҳои заҳбурию заҳкаши неругоҳ ва таҷдиди системаи идораю назорат (SCADA)-ро анҷом медиҳад.


Марҳилаи 2-юми Р1 таҷдиди 6 адад гидроагрегат, таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони он мебошад.

Зимни боздид Сарвазири мамлакат ба пудратчиён вобаста ба анҷоми сифатноки корҳои сохтмонӣ тавсияҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо  ҷараёни  кишти баҳории зироати кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншооти сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор дорад.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Апрель 5, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид