ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Як зумра санадҳо вобаста ба сода гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба тасвиб расиданд

Апрель 8, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи марти соли равон бо қарорҳои  дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳо вобаста ба сода гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Санадҳои мазкур «Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ», «Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ», «Қоидаҳои таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ», «Қоидаҳои ҳамкории Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматрасонандаҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Рӯйхати хизматрасониҳои давлатии ба шакли электронӣ дар асоси як ариза расонидашаванда» мебошанд.

«Қоидаҳои пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ» тартиби пешбурди феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ ва сохтори онро муайян карда, вазифаи асосии он муайян ва дохил кардани маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ ба феҳрист, сода кардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ ба хизматрасонандаҳо мебошад. Инчунин мақсади пешбурди феҳрист баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати фаъолияти хизматрасонанда, таъмини дастрасӣ ва шаффофияти маълумот дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ ба гирандагони хизматрасонӣ ва баҳисобгирӣ ва таҳлили хизматрасониҳои давлатӣ ба шумор меравад. Феҳристи мазкур бо забонҳои давлатӣ ва русӣ таҳия мегардад.

Тартиби муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, «Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ»-ро муайян менамояд.

Мақсади ин қоидаҳо сода гардонидан ва суръат бахшидан ба раванди пешниҳоди хизматрасонии давлатие мебошад, ки аз ҷониби хизматрасонанда пешниҳод мешавад, аз ҷумла:

— аз байн бурдани расмиёти зиёдатии маъмурӣ ва шумораи воҳидҳои ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ;

— кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳои коғазие, ки аз ҷониби гирандагони хизматрасониҳо барои ба даст овардани хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод карда мешаванд ё ба шакли электронӣ табдил додани онҳо ё бо варақаи иттилоотӣ иваз кардани онҳо;

— таъмини ҳамкории байниидоравии низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ;

— ҳамкории гирандагони хизматрасонӣ бо шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ»;

— кам кардани вақти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;

— баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии шаҳрвандон ва ташкилот аз натиҷаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

— кам кардани хавфи коррупсионӣ, баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷетӣ.

 «Қоидаҳои таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ» тартиби таҳияи стандартҳо ва меъёрҳо вобаста ба хизматрасониҳои давлатиро муайян намуда, ба таъмини риояи талаботи ягонаи муқаррарнамудаи стандартҳо ва меъёрҳои хизматрасониҳои давлатӣ равона шудааст.

Мақсади он таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои давлатӣ, муносибати ягона ба пешниҳодҳои хизматрасониҳои давлатӣ, шафофият ва ҳисоботдиҳии фаъолияти хизматрасонанда оид ба хизматрасониҳои давлатӣ, муносибгардонии минбаъда ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ, мубодилаи муносибат бо гирандагони хизматрасониҳо ҳангоми анҷомдиҳии хизматрасониҳои давлатӣ, анҷомдиҳии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути портали интернетии «Ҳукумати электронӣ», мониторинг ва танзими фаъолияти хизматрасонанда оид ба расонидани хизмати давлатӣ мебошад. 

«Қоидаҳои ҳамкории Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин хизматрасонандаҳо оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ» тартиби ҳамкории Маркази ягонаи тамосро бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии давлатӣ анҷом медиҳанд, муқаррар менамояд.

Мутобиқи он иштирокчиёни ҳамкорӣ Маркази ягонаи тамос оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва инчунин шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасониҳои давлатиро анҷом медиҳанд, мебошанд. 

«Рӯйхати хизматрасониҳои давлатии ба шакли электронӣ дар асоси як ариза расонидашаванда» фарогири хизматрасониҳои давлатӣ дар самти бақайдгирии шаҳрвандон дар ҷои истиқомат, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва гирифтани маълумот мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии қишрҳо ва сохторҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии кишвар ва бо мақсади амалисозии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020» қабул гардид.

Консепсияи мазкур бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 «Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ шуд.

Амалисозии Консепсия имкон дод, ки номгӯйи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ сари вақт ва босифат ба шаҳрвандон ба таври электронӣ расонида шавад ва зуҳуроти номатлубе, чун бюрократизм ва коррупсия тадриҷан дар ҷомеа коҳиш ёфта, аз байн раванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 8, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳа оид ба барқикунонии нақлиёти ҷамъиятӣ бо дастгирии Комиссияи СММ оғоз гардид
IRS: Оқибати харобиовари сел дар роҳи Душанбе-Чанок қисман бартараф гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ҷалби сармоя ба сохтмони иншооти муҳими стратегиро баррасӣ намуд
Оилаи Абдуғаффор Қаюмов дар ноҳияи Ҷайҳун аз соли 1982 ба парвариши кирмаки пилла машғул аст
Дар Риёз Саммити сармоягузорию иқтисодии «Давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷ – C5 GCC» баргузор мешавад
Дар Конибодом вазъи таъминоти заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ беҳтар гардидааст
Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад
Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Фаластин дар соҳаҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамкориро тавсеа медиҳанд
«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт