Вазири маориф ба масъулини соҳа ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва сифати таҳсил дастурҳои мушаххас дод
ДУШАНБЕ, 26.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи назоратии худ ҷиҳати андешидани тадбирҳои судманд доир ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, иштироки хонандагону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва олимпиадаҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб намудани омӯзгорон, таҳияи дурусти сарбории омӯзгорон ва тасдиқи нақшаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дод. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба назорати тақсимоти кредитҳо дар ихтисосҳои ҳамгироии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдак, истифодаи мақсадноки заминҳои назди муассисавӣ ва маблағҳои ҷудошуда барои таъмири мактаб-интернатҳо ва ғайра дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зимни баргузории ҷаласа иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта гузориш пешниҳод намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






