Вилоятҳои Тоҷикистон ва Свердловски Русия гардиши молро афзоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик интиқоли меваю сабзавоти минтақаи ҷанубӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ аз вилоятҳои Хатлону Суғди Тоҷикистон ба минтақаи Урали Миёна ҳаҷман афзоиш меёбад. Масъалаи мазкур зимни баргузории видеоконфронс миёни Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия зикр гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дирӯз, 6 апрел дар шакли видеоконфронс баррасии иқдомоти мушаххаси амалӣ ҷиҳати афзоиши гардиши мол ва рушди дигар шаклҳои ҳамкории мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор гардид.
Дар он роҳбарону намояндагони масъули вазорату идораҳо, сохторҳову ташкилот, вилоятҳои Хатлону Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Хушвахт Бедимоғов ва истеҳсолкунандагони муваффақи маҳсулоти меваю сабзавоти тоҷик иштирок намуданд.
Видеоконфронсро муовини Губернатори вилояти Свердловск Василий Козлов ифтитоҳ намуда, дар он муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Ёқубӣ сухан гуфтанд.
Дар видеоконфронс ҷониби Русияро роҳбарони ширкатҳои калони воридотиву содиротӣ дар соҳаи меваю сабзавот, инчунин ходимони воломақоми идораҳои минтақавӣ ва федералӣ намояндагӣ карданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни видеоконфронс барандаи он директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода тазаккур дод, ки рушд ва пешрафти шарикии тиҷоративу иқтисодӣ бо Русия ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ниҳоди давлатӣ, ки ӯ ба он раҳбарӣ мекунад, қарор дорад.
«Мо бо намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон ҳамкории зичи муфид дорем ва аз доираҳои молиявии боэътимоду шаффоф истифода мебарем. Мо аз иқтидори иқтисодии вилояти Свердловск ба хубӣ огоҳем, аз ин рӯ ба муколама дар мавриди ҳамкорӣ ва афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омодаем. Дар баробари зиёд намудани интиқоли меваю сабзавот мо ба интиқоли ҷавобии молҳои русиягӣ, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди меваю сабзавот манфиатдорем», — гуфт Шавкат Бобозода.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова аҳамияти таҳияву татбиқи амалии тарҳҳои ҳамкориро бо таваҷҷуҳ ба густариши ҳамкорӣ дар маҷрои равобити байниминтақавӣ махсус иброз намуд. «Вилояти Свердловск марказу минтақаи пешрафтаи саноатии Русия, аз ҷумла аз нигоҳи истеҳсоли технологияҳои баланд мебошад. То ҳол сатҳи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ чандон баланд нест, аммо мо манфиатдорем, ки дар баробари рушди тиҷорат ҳамкориро дар самти коркарди маҳсулот, яхбандии он ва истеҳсоли масолеҳи бастабандӣ ба роҳ монем, то ба бозори дигар кишварҳо маҳсулоти муштараки рақобатпазир пешниҳод созем», — изҳори андешаву пешниҳод намуд М.Рустамова.
Ба гуфтаи сардори Раёсати гумруки Урал Алексей Фролов, ҳоло дар ҳавзаи федералии Урал барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла тавассути барасмиятдарории гумрукии моли зудвайроншаванда, инчунин созишномаҳои байнидавлатӣ бо Тоҷикистон оид ба сабукгардонии шароити тиҷорат ба имзо расидаанд. Иқтидори воқеии ҳамкорӣ бо Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми мавҷуда ба маротиб бештар аст. Ӯ аҳамияти эҷоди манобеи расмии дастрасро оид ба нархҳои содиротии меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон барои анҷом додани расмиёти босуръати гумрукӣ нисбат ба маҳсулоти воридшаванда ба таври хосса зикр намуд.
Аз рӯйи натиҷаи видеоконфронс ҷонибҳо омодагии худро барои имзою амалисозии созишномаҳои байниминтақавӣ оид ба ҳамкории мутақобилан судманд, ташкили табодули ҳайатҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва идомаи муколамаи судманду созанда дар доираи намоишгоҳҳои байналмилалии «Иннопром» ва «Бохтар» изҳор доштанд.
Соли 2021 ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни вилояти Свердловск ва Тоҷикистон ба 50 миллион доллари амрикоӣ баробар гашта, ҳаҷми воридот 23 ҳазор долларро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби интиқоли меваю сабзавот буд.
АКС: Консулгарии генералии ҶТ дар шаҳри Екатеринбурги ФР/манбаъҳои боз








«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад






