Аз 14 июн то 9 август кӯдакону наврасони Душанбе ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аз 14 июн то 9 августи соли равон 10 ҳазору 352 нафар кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».
Тибқи қарори мазкур, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад.
Сарраёсати мазкур ҳамчунин барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.
Тавре сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, «тибқи қарори мазкур дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу» 4192 нафар кӯдакону наврасон, дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 6160 нафар кӯдакону наврасон ба истроҳати тобистона фаро гирифта мешаванд».
Истироҳати кӯдакону наврасон ба чор баст ҷудо гардида, давомнокии он 11 рӯзи ройгонро ташкил медиҳад. Мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад,-афзуд Асомиддин Бобозода.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «давоми соли хониш бачаҳо бесаброна таътили тобистонаро мунтазир мешаванд ва ҳар волидайн пешакӣ бояд босамар ва шавқовар гузаронидани ин давраро барои фарзандон тарҳрезӣ намояд. Онҳо бояд нагузоранд, ки хонандагон вақти худро давоми се моҳ дар пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ гузаронанд. Дар ин синн бачаҳо бояд истироҳати муфид намоянд».
Асомиддин Бобозода ҳамчунин зикр кард, ки дар давраи таътил кӯдаку наврасон бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошанд, зеро онҳо тамоми сол ба реҷаи қатъии рӯз одат кардаанд. Агар кӯдак давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Ҳамчунин бачаҳо як муддат аз волидайн бояд дур бошанд, то мустақил буданро омӯзанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






