БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. То соли 2025 дар Восеъ 25 муассисаи таълимӣ бунёд мегардад

Май 2, 2022 12:38

ДУШАНБЕ, 02.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба дастгирии соҳаи маориф ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бунёди 25 адад муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Маҳмад Орифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар айни замон корҳои сохтмонии 7 муассисаи таълимӣ оғоз гардида, қиcмате аз иншоот дар марҳилаи омодагӣ қарор дошта, қисмате ба нақша гирифта шудаанд. Соли 2022 7 мактаб сохта мешаванд ва масъалаи бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон ва шароити таълим беҳтар мегардад.

Иншооти сохтмонашон оғозёфта бинои иловагӣ дар шаҳраки Ҳулбук, барои 210 хонанда, сохтмони бинои иловагӣ дар деҳаи Кафтархона барои 180 хонанда, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаи Ҳасан Қурбон барои 120 хонанда, сохтмони бинои иловагӣ дар деҳаи Охҷар барои 240 хонанда, сохтмони бинои иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев барои 240 хонанда, сохтмони бинои иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов барои 240 хонанда ва сохтмони бинои иловагӣ дар деҳаи Хоҷа Ғалтони Ҷамоати деҳоти М.Вайсов барои 240 хонанда мебошанд.

«Вобаста ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба дастгирии соҳаи маориф ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳа дар тамоми деҳоти дуру наздик доир ба бунёди биноҳои нави таълимӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия бо фаъолону соҳибкорон, кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ пайваста суҳбату мулоқот баргузор менамояд. Тавре Пешвои миллат зикр карданд, «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад»,- иброз дошт мудири маорифи ноҳия.

Ба гуфтаи мавсуф, бо ба истифода додани ин иншоот барои 1470 нафар хонанда ҷойи нишаст муҳайё гардида, сохтмони муассисаҳои таълимии боқимонда то соли 2025 дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба анҷом мерасанд.

Бояд тазаккур дод, ки Восеъ яке аз ноҳияҳои калон буда, шумораи муассисаҳои таълимии он ба 71 адад ва шумораи хонандагони дар ин муассисаҳо таҳсилдошта ба 54 ҳазор нафар мерасад. Соли сипаришуда муассисаҳои таълимиро 3100 нафар хатм карда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарҳои худро ба рӯи 5400 нафар хонандагони синфҳои якум боз намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2022 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Собиқадори хизмати давлатӣ Тоҳир Рашид: «Обод намудани Ватан ибодат ва аз гӯшаи имон аст»
Модели Тоҷикистони навин — самараи таълимоти ҳуқуқии Пешвои миллат
Президенти Тоҷикистон барои иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ дастур доданд
РУШДИ ПАРАНДАПАРВАРӢ. Дар корхонаи «Тухми Соф»-и Истаравшан беш аз 80 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад
Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт
Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир шуд
««ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ