Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд

Май 30, 2022 18:36

ДУШАНБЕ, 30.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Комиссия Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов имрӯз ба Душанбе ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар доираи ҷаласа мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид.


Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ва масоили рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссия баррасӣ шуд.


Сипас таҳти раёсати Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб ҷаласаи нуҳуми Комиссияи муштаракии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Баъд аз баррасии масъалаи рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи ҳаштуми Комиссия дар идомаи ҷаласаи нуҳум масоили рушди минбаъдаи ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва фаъолияти бонкӣ, нақлиёт, обу энергетика, кишоварзӣ, гумрук, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва дорусозӣ, сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Ҳайатҳо ҳамчунин доир ба муҳимтарин масоили ҳамкории минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар заминаи таваҷчуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Узбекистон дар тамоми соҳаҳо рушди бемайлон пайдо намуда, натиҷаҳо дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ назаррас мебошанд.

Дар соли 2021 гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Узбекистон 447,8 миллионро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 34,2 фоиз зиёд мебошад. Ин нишониҳанда дар солҳои охир балантарин арзёбӣ гардида, нисбат ба соли 2015 37 маротиба зиёд мебошад.

Дар ҷаласа ҷонибҳо барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гардиши молу маҳсулот байни ду давлат ва рушди муносибатҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Дар охири кори ҷаласа санади ниҳоӣ ба имзо расид.

Қарор дода шуд, ки ҷаласи навбатии Комиссия соли 2023 дар шаҳри Тошканд баргузор карда шавад.


Дар ҳошияи баргузории ҷаласаи нуҳум Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» шинос шуд.

Таъкид гардид, ки дар корхонаи мазкур қариб 20 намуд обҳои рангаи ташнашикани бегаз ва газдор, инчунин машруботи спиртӣ истеҳсол карда мешавад.

Истеҳсоли обҳои хуштаъми сиёма кола, сиёма афлесун ва сиёма нок дар зарфҳои пластикӣ ба роҳ монда шуда, намуди зоҳирӣ ва сифати онҳо ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад.


Ҳайати меҳмонон ба шароити корӣ, хатҳои нави истеҳсолот ва банду басти обҳои ташнашикан шинос шуда, ҷиҳати дар оянда ба роҳ мондани ҳамкории тиҷроратӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҳамзамон ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон аз Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.

Мавриди зикр аст, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ калонтарин иншооти варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, он бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.


Иншооти варзишӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда, дорои ду ҳавзи шиноварӣ – яке нимпӯшида ва дигаре болопӯшида мебошад. Ҳамзамон аз як толори тенниси универсалӣ иборат аст, ки он барои баргузор намудани мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Меҳмонон зимни шиносоӣ аз Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ ба марҳилаи нави рушд расондани ҳамкориро дар соҳаи варзиш афзалиятнок ва манфиатовар арзёбӣ намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2022 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»