Дар Суғд оид ба бартараф намудани мушкилоти соҳаи маориф ҷаласаи сайёр баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таълимии байналмилалии «Контакт»-и шаҳри Исфара таҳти раёсати Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Дар он муовинони Вазири маориф ва илм, сардорону кормандони раёсат, шуъбаю бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорону мудирон ва кормандони раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, мудирон ва директорони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят иштирок намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо дар баробари муаррифии дастовардҳо бештар мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла вазъи таълиму тарбия, норасоии кадрҳо ва ба талабот ҷавобгӯ набудани муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардида, баҳри бартараф гардидани онҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.
Санҷиш нишон дод, ки фарогирӣ, дар маҷмӯъ, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров нисбатан беҳтар буда, дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Исфара ва Конибодом беҳбудӣ мехоҳад.
Дар маҷмӯъ, фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ аз сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ баландтар бошад ҳам, аз ВМКБ ва шаҳри Душанбе паст буда, талаботи аҳолиро қонеъ карда наметавонад. Бо мақсади бештар намудани фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ ва беҳтар намудани сифати он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардид. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки қарори мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври зарурӣ амалӣ намегардад. Зеро аз 72 муассисаи томактабии банақшагирифта дар муддати 2,5 сол 19 муассиса сохта шудааст, ки он 26,4 фоизро ташкил медиҳад. Иҷрои барнома дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 75%, Хуҷанд 50%, Мастчоҳ 40%, Ашт 25% ва Панҷакент 16,7%-ро ташкил дода, дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят умуман иҷро нагардидааст.
Яке аз мушкилиҳои дигари самти томактабӣ дар вилоят ғайри мақсад истифода гардидани бинои муассисаҳои томактабӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд давоми 5 соли охир 23 муассисаи ғайри мақсад истифодашаванда барқарор шуда бошад ҳам, ҳанӯз 23 муассисаи дигар ғайри мақсад истифода мегардад, ки монеа барои бештар фаро гирифтани кӯдакон гардидаанд. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 1, Конибодом 1, Бобоҷон Ғафуров 2, Спитамен 2, Исфара 2, Ашт 3, Хуҷанд 4, Гулистон 4 ва Зафаробод 4 муассиса ғайри мақсад истифода мегарданд ва ё ба барқароршавӣ ниёз доранд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






