Дар Вазорати маориф ва илм масоили қабули хонандагону омӯзгорон ба мактабҳои Русия ва Тоҷикистон баррасӣ шуд

Май 12, 2022 16:51

ДУШАНБЕ, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъалаҳо оид ба фаъолияти мактаби миёнаи русӣ-тоҷикии назди Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, тасвиби Созишнома дар бораи шароити фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимашон ба забони русист ва вазъи қабули хонандагону ба кор қабул кардани номзадҳо ба вазифаи омӯзгорӣ баррасӣ шуданд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, масъалаи мазкур зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баррасӣ гардид.

Зикр шуд, ки ҳоло Вазорати маориф ва илм дар робита ба мактаби назди Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон санад оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи шароити фаъолияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии русӣ-тоҷикии назди Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2007 таҳия кардааст.

Оид ба масъалаи Созишнома дар бораи шароити фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таълимашон ба забони русист, иттилоъ дода шуд, ки ҷонибҳо дар ҳоли омодагӣ ба тасвиб қарор доранд.

Нисбат ба масъалаи қабули хонандагон ва ба кор қабул кардани номзадҳо ба вазифаи омӯзгорӣ гуфта шуд, ки аз ҷониби вазорат якҷоя бо иҷрокунандаи лоиҳа аз тарафи Русия гурӯҳи кории идоравӣ таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт бомаром ҷараён доранд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 12, 2022 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд