ФУТБОЛ. «Истиқлол», «Хуҷанд» ва «Хатлон» дар бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон ғолиб омаданд

Май 19, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 19.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар варзишгоҳҳои мамлакат чор бозии даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар сатҳи баланд доир гардиданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дастаи футблоли «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе аввалин пирӯзиашро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 ба даст овард. Дар даври ҳаштум душанбегиҳо дар бозии хонагӣ бар  дастаи  футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода   бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд. Голҳои дастаи «Истиқлол»-ро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Шервонӣ Мабатшоев ва голи   дастаи   «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро Фатҳулло Фатҳуллоев  ба нишон расониданд.

Пешсафи чемпионат –дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар дар майдони худ дастаи футболи   «Равшан»-и ноҳияи  Зафарободро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуд. Голи пирӯзиовар дар дақиқаи 57-ум аз ҷониби Нуриддин Ҳамроқулов зада шуд. Дар бозии дигар дастаи  футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дастаи  «Истаравшан»-и   шаҳри  Истаравшанро бо натиҷаи минималии 1:0 мағлуб намуд. Голи ягонаро Фирдавс Чақалов ба нишон расонид.

Дар бозӣ миёни дастаҳои футболи   КМВА-и  шаҳри  Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  ғолиб муайян нашуд. Вохӯрии дастаҳо  мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт. Ҳар чор гол дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Бозигарони  дастаи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 63, Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 72 ду гол зада, дастаашонро ба пеш бароварданд, аммо бозигарони дастаи  футболи   КМВА-и  шаҳри   Душанбе  дар дақиқаҳои охир тавонистанд ду гол зада, аз бохт наҷот ёбанд. Голҳои КМВА-ро Хуршед Абдуллоев ва Наврӯз Рустамов ба ҳадаф расониданд.

Ёдовар мешавем, ки як бозии дигари даври ҳаштум 22 майи соли равон миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

Натиҷаи дастаҳо  дар  ҷадвали  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

                                                                  Б  Ғ  М  Б  Т    И
1  «Хатлон» (Бохтар)                             8  5  3  0  10-4  18

2  КМВА(Душанбе)                                7  4  1  2  11-10   13

3  «Равшан» (Кӯлоб)                             6  3  2  1  6-5  11

4  «Файзканд» (Восеъ)                          7  3  2  2  10-11  11

5 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                             8  2  4  2  6-4    10

6  «Эсхата» (Хуҷанд)                              6  2  1  3  11-12 7

7  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)          8  2  1  5  8-11   7

8  «Равшан» (Зафаробод)                    8  1  3  4  8-15  6

9  «Истиқлол» (Душанбе)                    3 1  2  0  4-3 5

10   «Истаравшан» (Истаравшан)        7  1  1  5  7-7    4

Акс: ФФТ

Май 19, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд