Имзои беш аз 40 шартномаи ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон ба рушди туризм дар минтақа мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 12.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавсеаи ҳамкории мутақобила миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз 40 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Санадҳои ҳамкорӣ дар доираи баргузории Форуми саёҳативу тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд –маркази маъмурии вилояти Суғд доир гардид, ба имзо расиданд.
Дар форум ҷонибҳо масъалаи дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳиро бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд мавриди муҳокима қарор доданд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҳарду кишвар ҳамчунин оид ба масъалаи дастрасии нархҳо барои хизматрасонии сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Узбекистон ду давлатеянд, ки таърихан муҳимтарин ҳалқаи Роҳи бузурги абрешим буданд. Онҳо дар чорроҳаи роҳҳои асосии тиҷорати ҷаҳонӣ қарор дошта, аз замонҳои қадим дар раванди ғанисозии мутақобилаи фарҳангу тамаддунҳо мавқеи муҳимро ишғол кардаанд.
Оғоз гардидани сафари бераводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон занҷири самараноке ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ байни ду кишвар, инчунин ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд. Рушди сайёҳӣ, алалхусус қабули сайёҳони берунӣ ба сатҳи муносибатҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо таъсири мусбат мерасонад.
Дар робита ба ин ба роҳ мондани ҳамкории самараноки ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон аз нигоҳи иқтисодӣ барои ҳарду кишвар манфиатовар аст.
Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон аз мавзеъҳои бостонию сайёҳии вилояти Суғд, назири Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», «Қалъаи Муғ», Маҷмааи таърихии «Сари мазор», Панҷакенти қадим, пойгоҳи бостоншиносии «Саразм», масҷиди марказии «Шайх Муслиҳитддин», Қасри Арбоб, бозори «Панҷшанбе», осоишгоҳҳои «Шифо», «Баҳористон», Маркази таълимии Бонки миллӣ боздид намуда, бо иқтидор ва зарфияти сайёҳии шимоли Тоҷикистон шинос гардиданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






