Миёни Тоҷикистон ва Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ Созишнома ба имзо расид

Май 26, 2022 08:34

ДУШАНБЕ, 26.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Душанбе бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода, Сафири Олмон Андреaс Протманн, Директори минтақавии Бонки олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ  Андреас Шнайдер ва роҳбари ширкати «Помир Энерҷӣ» маросими баимзорасонии «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ (2020)» ва «Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо («Гиранда»), Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ширкати «Помир Энерҷӣ» («Иҷрокунандаи лоиҳа»)» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.

Дар маҷмӯъ дар доираи лоиҳаҳои мазкур 29,9 млн евро грант ҷалб карда шуд.

Аз ҷумла, дар доираи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) 12,5 млн евро барои маблағгузории лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI» ҷудо гардидааст, ки он барои сохтмони беморхонаи нави зидди бемории сил дар вилояти Хатлон (шаҳри Кӯлоб) ба маблағи 11 млн евро ва барои ба охир расонидани сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаи бачагонаи касалии сил дар Мачитон (шаҳри Ваҳдат) 1,5 млн евро равона мегардад.

Ҳамзамон Шартномаи иловагӣ оид ба пешниҳоди грант ва татбиқи лоиҳа миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд (KFW) ва ширкати «Помир Энерҷӣ» ба маблағи 17,4 млн евро барои сохтмони НБО-и «Себзор» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.

Шартномаи мазкур дар асоси Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019, ки аллакай аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаштааст, ҳамчун шартномаи маблағгузории иловагӣ ба имзо расид.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдо  

Май 26, 2022 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид