МО БА ТАЪТИЛ МЕРАВЕМ! Пагоҳ барои хонандагони синфҳои як дарсҳо анҷом меёбанд

Май 24, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 24.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо барои синфҳои як 25 май ва барои синфҳои 2-11 якуми июн ба охир мерасанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Ҳамчунин бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ба сайру гашт ва ё тарабхона рафтани хонандагон тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2017 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.05.2017 дар ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таҷлил намудани чорабинии «Занги камолот» манъ карда шудааст.

Ҳамзамон бо ирсоли мактуб ба унвони сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо ба масъулин дастур дода шудааст, ки ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти дастури мазкур бо омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони синфҳои 9-11 корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, аз натиҷаи он ба Вазорати маориф ва илм гузориш пешниҳод намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 24, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ». Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Беш аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар беҳтарин донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд»
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Британияи Кабир бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар Лондон таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи технологӣ оид ба рушди соҳаи саноати бофандагӣ омӯзиш доир шуд
Дар Тоҷикистон омӯзиши забони англисӣ аз синфи сеюм оғоз мегардад
ҲЕҶ ГАНҶЕ НЕСТ АЗ ФАРҲАНГ БЕҲ
Озмуни IV ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт
Ҳайати Тоҷикистон аввалин маротиба дар Форуми ҷаҳонии «Маориф-2024» иштирок намуд
«МАҚОМИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Хуҷанд конференсияи вилоятии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар фард мебошад
Дар Суғд масъалаи таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои пешрафтаи Чин баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид