Дар Донишгоҳи технологӣ оид ба рушди соҳаи саноати бофандагӣ омӯзиш доир шуд

Май 21, 2024 16:51

ДУШАНБЕ, 21.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба анҷоми машварати омӯзишӣ барои мутахассисони соҳаи саноати бофандагии мамлакат ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Ректори Донишгоҳ аҳамияти муҳими машварати омӯзиширо, ки аз 7 то 20 май доир шуд, таъкид намуда, иброз дошт, ки иштирокчиёни ин омӯзиш мутахассисон аз корхонаҳои соҳаи саноати сабук, кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат буда, дар ин муддат соҳиби донишу малака ва маҳорати нави касбӣ гардиданд.

Бояд иброз намуд, ки зимни машғулияти омӯзишӣ гурӯҳи коршиносон аз Чин бо роҳбарии академики Академияи илмҳои Русия Мей Шунтсзӣ доир ба соҳаи нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти бофандагӣ ва раванди кор дар дастгоҳҳои тору пудбандӣ бо назардошти фанновариҳои навин ба иштирокчиён маълумот доданд.

Дар интиҳои омӯзиш 40 шунавандаи омӯзиш соҳиби сертификатҳо дар бораи хатми бомуваффақияти ин давр гардид.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Май 21, 2024 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд